Шамоли шадид дар шаҳри Душанбе ба шикастану болои ду мошин афтодани як дарахти азим боис шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ, соати 02:30-и рӯзи 23 июн сокинони кӯчаи Бухорои пойтахт иттилоъ додаанд, ки дарахти азими сояафкан аз шамоли сахт шикаста, болои ду мошини тамғаи “Лексус” ва “Опел” афтодааст.

Гуфта мешавад, дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати КҲФ ва МГ-и пойтахт зуд ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, ҳолати ба амаломадаро бартараф карданд.

Дар бораи ҳолати мошинҳо ва зиёни онҳо маълумот дода нашуда, акси онҳо низ оварда нашудааст.

КҲФ қайд мекунад, ки аз минтақаҳои кишвар доир ба дигар ҳодисаҳои зарар ва харобиҳо дар пайи шамоли шадид гузорише нарасидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.