Дар ноҳияи Ховалинг автомашинаи боркаши “Форланд” ду нафар кӯдаконро пахш кард, ки дар натиҷа яке дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, ноболиғи дигар бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 1 июл дар роҳ аз маркази ноҳияи Ховалинг ба самти деҳаи Лоҳутӣ рух додааст.

“Ронандаи 33-солаи автомашина, сокини ҳамин ноҳия Фирӯз Мансуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ду пиёдагарди синни 15 ва 19-соларо бо автомашинааш пахш мекунад”, - омадааст дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад, мутаассифона, писарчаи 9-сола аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, навраси 15-сола дар бемористон бистарӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон тамоми ҳолатҳои рух додани ин ҳодисаи садамаи нақлиёт мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.