Дар деҳаи Пигелевои ноҳияи Ломоносови вилояти Ленингради Русия ду тоҷикистонӣ ҳангоми кандани чоҳ зери девори хоктӯда монданд. Дар ин бора 78.ru хабар медиҳад.

Ин ҳодисаи форҷеабор 2 июл рӯзона рух дода, корҳои ҷустуҷӯ бинобар сабаби хоки рехта ба муддати зиёд тӯл кашид. Ҷасадҳои мардони 30 ва 40-солаи зодаи Тоҷикистон қарибиҳои нимашаб аз чоҳ берун оварда шудааст.

Зани соҳиби қитъае, ки дар он ҳодисаи мазкур рух дод, гуфтааст, яке аз муҳоҷирон аллакай 6 ҳалқаи чоҳро канда будааст, ки девори чоҳ чаппа шуда, ӯ зери хоктӯдаи девори чоҳ мондааст.

«Муҳоҷири дуюм ба наҷоти ӯ шитофта, ба болои ӯ ҳам хоктӯдаи девори чоҳ чаппа мешавад”, - иброз доштааст зан.

Ҷуқурии чоҳ наздики 7 метр буда, дар он об боло мешуд. Роҳбари шаҳраки Аннински вилояти Лениград Дмитрий Ритов ба 78.ru хабар додааст, ки имкони зинда мондани муҳоҷирон хеле ночиз буд.

“Хок вазнин ва он ҷо қабати лойқаи замин аст, ки вақти кофтан дарҳол ба боло мебарояд ва деворҳо чаппа мешаванд, - изҳор доштааст вай. - Аз ин рӯ деворҳо се бор фурӯ рафтанд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.