Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Соҳибсултон Алиназарова дар шаҳри Душанбе рӯзи 12-уми июл дар синни 76-солагӣ фавтидааст.

Пайвандони ӯ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки солҳои охир марҳум аз бемории талха азият мекашид. Ӯро 13-уми июл дар шаҳри Хоруғ ба хок супурданд.

Соҳибсултон Алиназарова 28-уми феврали соли 1944 дар маркази собиқ ноҳияи Бартанг – деҳаи Сипонҷ таваллуд шудааст. Соли 1960 мактаби миёнаро дар шаҳри Хоруғ, соли 1964 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва соли 1971 Институти давлатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм кардааст.

Соли 1971 ба Душанбе баргашта, дар театри ба номи Маҳмудҷон Воҳидов солҳои тӯлонӣ кор мекард. Дар давоми фаъолияти эҷодии худ зиёда аз 150 нақши гуногунро дар театр, телевизион, радио ва синамо офаридааст.

Ӯ дар намоишномаҳои Зубайда аз “Духтари кӯҳсор”-и Расул Ғамзатов, Манзура аз “Гавҳари шабчароғ”-и Сотим Улуғзода ва ғайра нақш офаридааст. Барои иҷрои нақшҳои Лайлӣ дар “Қишлоқи тиллоӣ”-и Мирсаид Миршакар ва Ҷамила дар “Бой ва хизматгор”-и Ҳ. Ниёзӣ сазовори номи беҳтарин иҷрокунандаи нақши зан шудааст. Ҳамчунин дар филмҳои “Подоши амал”, “Худкуш”, “Ошно”, “Ҳазору як шаб” ва ғайра ҳунарнамоӣ кардааст.

Соҳибсултон Алиназарова ровии барномаҳои “Театр ва бачаҳо”, “Хоби ширин, хурдтаракон”, “Алифбоҷон, Алифбо” буд. Ӯ бо номи Қандалот аз “Алифбоҷон, Алифбо” машҳур гаштааст.

Се маротиба вакили мардумӣ аз ноҳияи Марказӣ (ҳоло Фирдавсӣ)-и пойтахт интихоб шудааст. Бонуи сол низ гардида буд.

Дар бисёр фестивалу озмунҳо иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо шудааст. Лауреати озмуни “Ҳунарпешаи сароянда” мебошад. Барои иҷрои беҳтарин “Суруди миллӣ” соли 1974 дар шаҳри Бухарести Руминия ғолиби озмун гардид. Рақси миллии ӯ дар шаҳри Еревани Арманистон барояш шоҳҷоиза оварда буд.

Барандаи мукофотҳои озмуни “Барги сабз” дар Бадахшони Афғонистон, Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон дар шаҳри Маскав (соли 1957), озмуни “Суруди халқии Бадахшонӣ” мебошад.

Соли 2009 бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз шудааст. 

Соҳибсултон Алиназарова муаллифи драмаи «Навҳаи зан» ва ҳудуди 70 мақола мебошад.