Сокинони шаҳри Исфара ва ноҳияи Ашти вилояи Суғд аз омадани сели рӯзҳои 13 ва 14 июл бар асари боришоти шадид осеб диданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ назди ҳукумати ҶТ, сел ба 25 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинони деҳаи Мулломири шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт лойоба ворид кардаву роҳи дохили русторо аз сангу шағал пур кардааст.
“Рӯзи 14 июл Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Ашт барои бартараф намудани оқибати офати табиӣ чораҳои зарурӣ андешида, ба миқдори зарурӣ маводи сӯхт ҷудо шуд ва бо ҷалби экскаватори VOLVO 6 километр роҳи дохили деҳа аз қуму шағал тоза карда шуд”, - омадааст дар хабари Кумита.
Гуфта мешавад, қарибиҳои шоми рӯзи 14 июл бар асари боридани борони шадид дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз селроҳаи Лангар сел омада, ба 8 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон селоба даромад.
“Сипас сел ба 4 замини наздиҳавлигии сокинони ҷамоати деҳоти Ворух, маҳаллаи Ҷӯйи Дам ворид шудааст”, - қайд мешавад дар маълумот.
Зимнан зикр мегардад, ки Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Исфара ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Аз таҳти дил ва самимӣ месароид". Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ
Тавсеаи ҳамкориҳои “Саноатсодиротбонк”-и Тоҷикистон бо Бонки содиротиву воридотии Арабистони Саудӣ
“Почтаи тоҷик” баъди як соли танаффус интиқоли нома ва бастаро ба Русия оғоз кард
Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 3 моҳ 87 млн доллар кам шуд
Тобистони муфид барои кӯдакон: MediaLAB Asia+ барои наврасон барномаи таълимӣ роҳандозӣ мекунад
Назорат тариқи телефон. Дар шаҳр ва вилояти Маскав ба телефони муҳоҷирон замимаи мобилии махсус насб мекунанд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии картошкаи ҳосили нав оғоз шуд. Имсол он 20% камтар кишт шудааст
Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабони мавсим дар Ҷоми Русия эътироф шуд
“Имрӯз ҷасадҳоро ба Ватан меоранд”. Ҳалокати шаш муҳоҷири тоҷик дар садамае дар Қазоқистон
Чаро бонкҳои кишвар асъори хориҷии каме нуқсондоштаро қабул намекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста