Субҳи имрӯз дар қитъаи Исфараи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ сурат гирифт. Сабаб ва ҷузъиёти ин ҳодиса алҳол маълум нест.
Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, тахминан соати 4-и субҳи санаи 6-уми августи соли 2020 дар минтақаи ҳамҷавори маҳаллаи Лангари Моҳиёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара лейтенанти калон Шер Кабиров, сардори дидбонгоҳи «Кӯктош»-и Қӯшунҳои сарҳадии Қирғизистон аз ҷониби шахси номаълум, ки аз силоҳи шикории тамғаи «ТОЗ-8» истифода намудааст, захм бардоштааст.
“Айни замон дар ҳодисаи ҳамсон дуртар аз 1 км аз хати сарҳад шаҳрванди Тоҷикистон Ваҳҳобов Воҳид Абдулҳаевич, соли таваллудаш 1955, сокини м.Сомониёни ҷ/д Чоркӯҳ, боғбони бригадаи №4-уми ҳамин ҷамоат аз тарафи пояш аз ҷониби қирғизҳо захмӣ шуда, ҳалок гардидааст”, - омадааст дар изҳороти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои мушаххас намудани ҷузъиёти қазияи бамиёномада дар байни аҳолӣ корҳои тафтишотӣ ва фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.
Дар ҳамин ҳол, маркази матуоти Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон дар бораи захмӣ шудани афсари ин кишвар хабар дода, доир ба кушта шудани шаҳрванди Тоҷикистон чизе нагуфтааст.
Тавре хабаргузории 24.kg бо истинод ба Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон хабар медиҳад, ин ҳодиса бо истифода аз силоҳи оташфишон дар мавзеи Эки-Тоши ноҳияи Ботканд рух додааст.
“Шахсони номаълум аз ҷониби Тоҷикистон эҳтимол аз силоҳи шикорӣ ба суи хизматчии ҳарбии Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон тир парронида, дар натиҷа афсар аз дасташ захм гирифт. Ба ӯ кумаки зарурии тиббӣ расонида шуд. Вазъи солимии захмишуда қаноатбахш арзёбӣ мешавад”, - гуфтааст манбаъ ва илова кардааст, ки феълан вохӯрии намояндагони мақомоти сарҳадбонии ҳар ду кишвар ҷараён дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Моҳи бахшиши гуноҳҳо. Далелҳои ҷолиб дар бораи моҳи шарифи Рамазон
Шаби 26 - 27-уми март “Шаби қадр” аст
Садҳо овозхону ҳунарпеша аз Ӯзбекистону Қирғизистон дар ҷашни асосии Наврӯзи Тоҷикистон ширкат мекунанд
Таъсиси “Фонди тақсими фоида” аз фурӯши нерӯи барқи “Роғун”
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз муҳоҷирон хостанд, ҳузурашон дар Русияро қонунӣ гардонанд ва пеш аз сафар аз санҷиш гузаранд
Кӯдакони муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна ба мактабҳои Русия қабул карда мешаванд?
Амрико 10 миллион доллар ҷоиза барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққониро бекор кард
Қирғизистон Шартномаи марз бо Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи роҳ ва чорроҳаҳоро ба тасвиб расонид
Ҷоми Осиё-2027. Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ оғоз кард
Барои афзоиши истеҳсоли гӯшту тухм ва асалу моҳӣ 133 млн сомонӣ ҷудо мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста