Шаби гузашта, тахминан соати 4-и субҳ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, наздикии Донишоҳи омӯзгорӣ садамаи нақлиёт рух дод, ки бар асари он овозхони маъруф Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расид.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз ВКД Тоҷикистон хабар доданд, автомашинаи тамғаи “Ленд Крузер”, ки дар он сароянда ҳамчун мусофир ҳузур дошт, ба автомашинаи тамғаи КамАЗ бархӯрдааст.

Зикр шуд, ки Баҳром Ғафурӣ аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошта дар роҳ ба бемористон ҳалок шудааст.

Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шудааст.

Таронаи аввалини худро бо номи “Парешон шудӣ, ай дил” ӯ ҳангоми соли аввали таҳсилаш дар Донигшкадаи санъат сароида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.