Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон аз имкони рух додани ҳодисаи хатарноки табиӣ огоҳ мекунад.
Бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар Кумита хабар медиҳад, ки бинобар сабаби болоравии ҳарорат рӯзҳои 11 то 15 августи соли ҷорӣ дар ғарби ВМКБ (ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон ва Ванҷ) эҳтимолияти бавуҷудоии селҳои пиряхӣ дар назар аст.
Аз ин рӯ, Кумита аз аҳолии ин ноҳияҳо дархост кардааст, ки ҳангоми чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва сайругушт дар кӯҳҳо аз эҳтиёт кор гиранду, қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.