Як сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар куштори маъшуқи собиқ ҳамсараш дастгир карда шудааст.

Тибқи иттилои ВКД, як сокини 51-солаи Шаҳритус, ки қаблан бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дар ҷинояти дар боло зикршуда гумонбар дониста мешавад.

Гуфта мешавад, гумонбаршуда рӯзи 19 августи соли равон, бегоҳирӯзӣ ба хонаи собиқ ҳамсараш, ҷавонзани 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷ.Назарови ноҳияи мазкур омада дидааст, ки ӯ бо ҳамсояаш, марди 52-солаи сокини ҷамоати деҳоти Х.Холматови ҳамин ноҳия муносибати маҳрамона дорад.

Гумонбаршаванда аз ҳолати мастии ӯ истифода бурда, бо корд якчанд маротиба ба узвҳои бадани марди 52-сола зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст. Сипас, аз ҳиссиёти рашк собиқ ҳамсарашро бо корд 4-маротиба ва зани 30-солаи сокини шаҳри Норакро, ки дар меҳмонии онҳо қарор доштааст, 3-маротиба ба қисмати сар ва дасташ задааст. Дар натиҷа занҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардиданд.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.