Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор кормандони мақомоти милитсия ҳодисаҳои муноқишаи наврасон бо истифода аз кордро ба қайд гирифтанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар дохили дӯкони “Тез-Тайёр”, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон сокини ноболиғи 16-сола бо корд ба сокини 17-солаи Душанбе ҳамла кардааст.
“Ӯ 3-маротиба ба аъзои бадани ҷабрдида бо корд зарба зада, дар натиҷа ӯ бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” бистарӣ гардидааст”, - омадааст дар маълумоти ВКД.
Гуфта мешавад, дар шаҳри Ҳисор ҷавони 17-сола ҳангоми муноқишаа сокини 21-солаи маҳаллиро бо корд захмӣ кардааст, ки дар натиҷа ҷабрида дар бемористон бистарӣ шудааст.
Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ қайд мекунад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.