Се нафар сокинони деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода шоми 7 сентябр ҳангоми таъмири муҳаррики обкаши чоҳи деҳа ба чуқурии 18-19 метри он сарозер рафтаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ ҷумҳурӣ, беэҳтиётӣ ва риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми таъмири муҳаррик ба рух додани ин ҳодиса боис гардидааст.

“Дар баробари расидани хабар дастаи наҷоти Кумита ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, яке аз ин се нафар – Амрулло Хуҷамови 62-сола зинда аз дохили чоҳ берун оварда шуд, вале мутаассифона, дар бемористони шаҳрӣ аз ҷароҳатҳои вазнин ҳалок шуд”, - омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, дастаи 6-нафараи наҷоти Кумита то соати 20:45 дақиқа ҷасади ду фавтидагони дигарро ҳам аз чоҳ берун оварда, ба беморхонаи шаҳрии Турсунзода интиқол дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.