Дар садамаҳои нақлиёти тайи як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 4 нафар ноболиғон ҳалок шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ронандаи 32-солаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” пиёдагарди хурдсол, писарчаи 7-соларо пахш кардааст, ки дар натиҷа кӯдак аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористон ба ҳалокат расидааст.

Ҳодисаи дигар дар шаҳри Ваҳдат рух дода, ронандаи ноболиғи 13-солаи ҳамин шаҳр ҷинядухтари 2-солаи худро бо мошин пахш кардааст, ки духтарча дар роҳ ба бемористон ҳалок шудааст.

Сокини ноҳия Шоҳин, ронандаи 33-сола низ кӯдаки 6-соларо бо автомашинааш пахш кардааст, ки дар натиҷаи писарча дар беморхона ҳалок шудааст.

Дар Истаравшан ронандаи “Старекс” назди хонаи хонааш набераи 5-солаи худро бо мошин пахш кардааст, ки дар натиҷаи аз ҷароҳатҳои бардошта писарча дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, аз рӯйи далели ин ҳодисаҳои садамаи нақлиёт тафтишот ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.