Раҳматилло Зоиров Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шоми 22-юми сентябр аз ҷониби шахсони номаълум дар шаҳри Душанбе мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ин ҳамла дар назди хонаи ӯ соати 18:20 дақиқа рух додааст.
Ба гуфтаи Раҳматилло Зоиров Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, пас аз бозгашт аз як сафари ба шаҳру ноҳияҳои кишвар бо маълумотҳои гуногун аз тақаллуби раҳбарони шаҳру ноҳияҳо мавриди лату кӯб қарор гирифтааст. Инчунин Зоиров дар саҳфаи фейсбукаш навиштааст, ки аз ин сафар “маводи зиёде доир ба мардум дар мавриди дидор бо презденти кишвар ҷамоварӣ намудам, бояд ин маълумотро фавран ҷамъбаст ва таҳлил менамудам”
Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯйи ВКД Тоҷикистон ба "Asia-Plus" гуфт, ки Зоиров ба милиса шикоят накардааст ва ҳамчунин ин гуна ҳодиса дар ВКД то кунун номнавис нашудааст.
Зоиров навиштааст, ки рӯзи 22 сентябр 20 метр дуртар аз маҳалли истиқоматияш, дар поёни роҳ назди зинапоя, ду шахси номаълум ногаҳон аз қафо ба ӯ ҳамла карданд. Яке аз онҳо ду зарба аз қафо зад, зарбаи авввал дар сарам ва зарбаи дуюм дар чашмам. Дуюмин манро бо тамоми қувват ба об тела дод, вақте ки афтодам, китфи чапам зарба хурд, дар обрав афтодам.
Раиси ҲСДТ навиштааст, ки баъди ин 4-5 дақиқа беҳуш шудааст ва баъди ба ҳуш омадан касеро дар гирду атрофаш надидааст. Раиси 63-солаи сотсиалдемкоратҳо гуфтааст, ки баъди ба ҳуш омадан ба хона рафта ҷойҳои захмбардоштаашро дору кардааст.
Ин бори аввал нест, ки Раҳматилло Зоиров мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор мегирад. Аммо то кунун мақомот шахсияти афроди Зоиров ҳамлакардаро ошкор накардаанд.
Аммо ин бор Зоиров нагуфтааст, ки аз ҳамлаи ахир ба мақомот шикоят мекунад ё не.
Ҳизби сотсиал-демкорати Тоҷикистон аз нигоҳи коршинсон ягона ҳизби сиёсии мухолифи воқеӣ дар Тоҷикистон аст, ки интихоботи президентии 11-уми октябрро таҳрим кард ва аз ҷонибдоронаш даъват кард, ки дар он ширкат накунанд. Зоиров пеш аз таҳрим кардан, таъин шудани интихоботро дар 11-уми октябр ғайриқонунӣ эълон карда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста