Кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 51 ронандаи воситаҳои нақлиёти боркашониро барои риоя накардани қоидаҳои боркашонӣ боздошт намуданд.
Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе чиҳати риоя накардани қоидаҳои боркашонӣ нисбат ба 51 ронандаи автомашинаҳои боркашонӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ аз рӯи тобеият ба мақомотҳои дахлдор ирсол гардиданд.
Илова бар ин ба роҳбарони 7 иншооти сохтмонӣ ва биноҳои истиқоматии баландошёна низ аз ҷониби кормандони БДА барои бартараф намудани камбудиҳо амрномаҳо супорида шудуааст.
Аз ҷумла ба роҳбари бинои баландошёна ҶДММ «Каюмарс – Сохтмон» барои эҷод намудани монеа сунъӣ, ки боиси тамбашавии воситаҳои нақлиёт, ҶДММ «Муҳаммадҷон 1997», барои ташкил накардани нуқтаи шустушӯи салачархҳои воситаҳои нақлиёти боркаш, ҶДММ «Масъуд 2010» барои ба вуҷуд овардани монеъаи сунъӣ дар қисми мошингарди роҳ ва нагузоштани аломати роҳ ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ, ҶДММ «Баҳор 97» барои худсарона маҳкам кардани роҳи пиёдагузар тавассути панҷараҳои оҳанин ва ташкил накардани нуқтаи шустушуи воситаҳои нақлиёт.
Инчунин ба роҳбарони бинои ҶДММ «Бухоро палас» барои бе иҷозати мақомоти дахлдор худсарона ташкил намудани даромадгоҳ барои воситаҳои нақлиётӣ ва ба роҳбари ҶДММ «Акбар-текстил», бе иҷозати мақомотҳои дахлдор маҳкам кардани таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт ва корношоям гардонидани роҳи пиёдагард дар назди даромадгоҳи сохтмони бинои баландошёна, ба ҳамаи ширкатҳои номбаршуда ҷиҳати ислоҳ ва бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида амрномаҳои БДА супорида шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2025
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста