Сокини 27-солаи шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан дар ғорати «Мададформ»-и пойтахт боздошт гардид.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аз ҷониби соҳибкори 35-солаи сокини пойтахт ариза ворид гардидааст. Гуфта мешавад, ки санаи 14-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 12:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дорухонаи «Мададформ», воқеъ дар кӯчаи А.Навоӣ даромада, аз он ҷо дорувории тамғаҳои гуногунро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини кӯчаи Р.Ҷалили шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 247 (Қаллобӣ ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.