Ҳамаи қурбониёни садамаи нақлиёт мусофири як автомашина буда, ҳамсари мард ва як духтари ноболиғаш бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарианд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Ин садамаи нақлиёти фоҷеабор рӯзи 1 декабр дар роҳи мошингарди Душанбе-Панҷи Поён рух додааст.

Автомашинаи тамғаи “Опел Зефира” таҳти идораи Шарифҷон Мирзоев, сокини 21-солаи ноҳияи Ҷайҳун ба автомашинаи тамғаи “Дэу Нексия” зери идораи ҳамдиёраш Абдурауф Қаноатови 33-сола бармехӯрад.

Дар натиҷа ҳар ду ронанда ва мусофирони автомашинаи “Опел Зефира” - 5 нафар узви як оила: сокини 35-солаи маҳаллӣ Аҳмадҷон Шодиев, ҳамсари 30-солаи ӯ Гулҳавас ва 3 нафар фарзандонашон - Меҳрафрӯзи 11-сола, Шукронаи 2-сола ва Умарҷони 1-сола бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона бурда мешаванд.

“Падари хонавода ва фарзандони хурдсоли ӯ Шукрона ва Умарҷон аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористон ҳалок шуданд”, - қайд мекунад ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел тафтишот ҷараён дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.