Як духтари ҷавони 18-сола аз болои пули Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд худро ба дарё партофта ҳалок шудааст.
Ин ҳодиса 4-уми декаби соли равон, тахминан соати 14:05 дақика Гулрухсор Ҷумъаева худро аз болои пули Исмоили Сомонии Хуҷанд ба дарёи Сир партофта, ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора ба “Азия плюс” сардори дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд Шаҳзода Бутаева иттилоъ дод.
Бино ба иттилои манбаъ, Гулрухсор Ҷумъаева донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буда, сокини ҷомоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст.
“Пас аз огоҳӣ пайдон кардан наҷотдиҳандагони бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд ба ҷои ҳодиса рафта, ҷасади духтарро аз назди боғи Камоли Хуҷанд дарёфт намуда, ба мақомоти дахлдор месупоранд . Ҳоло тафтишот дар ин самт аз ҷониби прокуратураи шаҳри Хуҷанд идома дорад”,-илова кард Шаҳзода Бутаева
Тибқи маълумоти расмӣ, давоми 9 моҳи соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд дар маҷмӯъ 21 нафар дар кӯлу дарё ва обанборҳои вилояти Суғд бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла 5 нафар бо далелҳои то ҳанӯз номушаххас ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд. Аз ин шумора 11 нафарро мард, 6 нафарро зан ва 4 нафарро ноболиғ ташкил медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Хориҷиён бе тести коронавирус ба Тоҷикистон омада метавонанд: ҳукумат иҷоза дод
Бахилӣ намекунад: Достони ризокори 33-сола дар Хуҷанд, ки ба дигарон бепул забони хориҷӣ меомӯзонад
Роҳҳои Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ боз шуданду лекин на барои ҳама
Моҳи март тоҷикистониён 13 рӯз истироҳат мекунанд
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки дар сомонаи фишингӣ қарор доред?
Барфи ногаҳонӣ ва шояд охирини имсол дар Душанбе
Ҳукумат ӯро “душмани халқ” карду мардум пирӯзи интихобот
"Азия-Плюс" рӯзноманигорони шаҳрвандиро барои ҳамкорӣ даъват мекунад
Пардохти хизматрасониҳои электронии хориҷӣ дар Тоҷикистон боз имконпазир шуд
Ба футболбози тоҷик 25 ҳазор рупияи ҳиндӣ тақдим шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста