Дар деҳаи Маърифати ноҳияи Рӯдакӣ боз ҳодисаи инфиҷори газ рух дод. Ин дафъа таркиш дар манзили сокини 36-солаи деҳаи Маърифатӣ Мирмат Мастов рух дод, хабар дода мешавад дар сомонаи КҲФ ва МГ Тоҷикистон.

Хона пурра валангор ва чор нафар бошандагони он бо захмҳои гуногуни сӯхта дар бемористон бистарӣ шудаанд.

“Баъд аз муоинаи мутахассисони Кумита бо асбобҳои махсус (газонализатор) муайян гардид, ки сабаби таркиши газ дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон аз балони газ набуда, балки аз қубури гази табии диаметраш 325 мм будааст, ки фаъолияти Маркази гармидиҳию барқии шаҳри Душанбе-1-ро таъмин менамояд”, - омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, ин қубур аз назди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон гузашта, ба кадом сабабе он сӯрох гардидаву вориди хонаҳо шудааст ва ба таркиш боис гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, маҳз бо ҳамин сабаб рӯзи 5 декабр дар хонаи сокини 62-солаи ҳамин ноҳи Алиқул Ҳасанов низ таркиш рух дода, бар асари он бародарарӯси 36-солааш ҳалок шуд. Соҳибхона дар беморхонаи №3-и пойтахт бистарӣ шуд.

“Маълумоти қаблан нашршуда доир ба дар хонаи Алиқул Ҳасанов таркидани балони гази моеъ асоси воқеӣ надорад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии КҲФ Умеда Юсуфӣ.

Ба қавли ӯ, аз инфиҷори газ хонаи Алиқул Ҳасанов қисман тахриб шудааст.

Зимнан зикр шуд, ки мушкилот ва нуқсони дар қубури газ рухдода бартараф шуда истодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.