Ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр", ки ба далели туман бар фарози Душанбе дар фурудгоҳи Хуҷанд нишасти изтирорӣ анҷом дода буданд, дубора ба Душанбе парвоз карданд. 

Дар ин бора хабарнигори "Азия-Плюс" Ҳалим Ҷӯраев аз фурудгоҳи Хуҷанд хабар дод. Ба иттилои хабарнигори мо ҳар се ҳавопаймо аз соати 12.20 то 12.50 ба Душанбе парвоз карданд. 

Ин се ҳавопаймои ширкати Сомон Эйр буданд, ки аз хатсайрҳои Новосибирск-Душанбе, Маскав-Душанбе ва Сургут-Душанбе бояд ба Душанбе мерасиданд. Ба иттилои манбаъи мо, дар ҳар се ҳавопаймо 489 мусофир қарор дошт.

Хатсайри Новосибирск-Душанбе соати 3:40, Маскав-Душанбе 6:28 ва Сургут-Душанбе соати 7:07 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд нишасти изтирорӣ анҷом додаанд.

Айни замон миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Русия танҳо парвозҳои чартерӣ амал мекунанд. “Сомон эйр” ҳар рӯз аз шаҳрҳои Русия панҷ парвоз ба Душанбе анҷом медиҳад. Ду ширкати Русия “Уралские авиалинии” ва “Ют Эйр” аз Тоҷикистон ба Русия мусофир мебаранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.