Мубинҷон Аҳмадов (Ахмедов), паҳлавони 24-солаи гӯштини риштаи юнону румии тоҷикро дар як ҷанги гурӯҳӣ дар Боғи Ғалабаи Хуҷанд аз ҷигару шушаш бо корд захмӣ кардаанд, ки дар натиҷа ҷарроҳӣ шуд. Ӯро бо захми як корд ва Исроил Умарови ҳамроҳашро бо захми ду корд ба тахтапушт шоми 6-уми декабр ба беморхонаи №1-и Хуҷанд оварданд.

Мубинҷон Аҳмадов, кӯштигири тарзи юнонӣ-румӣ баъд аз ҷарроҳӣ чаҳор рӯз дар шуъбаи эҳё буд ва ду рӯзи ахир саломатияш хубтар шудааст. Ӯ имрӯз, 14-уми декабр, дар беморхона ба “Азия Плюс” гуфт, ки дар ҷанги гуруҳии тахминан 20-нафара ба ӯ корд заданд ва ҷигару шушаш осеб дидааст. Мубинҷон Аҳмадов мегӯяд, ин ҷанги гуруҳӣ бо сабаби барои ӯ номаълум, рӯзи якшанбеи 6-уми декабр, баъди бозии футбол дар маҳаллаи 18-и Хуҷанд рух дод.

“Ҳангоми  бозии футбол гапи як нафар бо ман гурехт, ин ҳеҷ гапи муҳим набуд, баъд узрпурсӣ кард ва бо ҳам даст дода ҷӯра шудем. Баъдан то охир бозӣ кардем, муносибатҳои мо хуб буд. Аммо наврасе, ки ба ин сӯҳбати мо умуман алоқаманд набуд, баъди анҷоми футбол аз майдон баромада рафту  гуруҳи тахмин 20-нафараро ҷамъ карда омад, ки ҳадафаш то ҳол барои ман норӯшан аст . Ман бо ин бача умуман гап назада будам ва намешиносам”.

Ин кӯштигир гуфт, гуруҳи ношинос, ки наврасону ҷавонон буданд, соати 19:30 дақиқаи шоми 6-уми декабр бо ӯ дарафтоданд. Дар натиҷаи ин ҷанги гуруҳӣ  ҷавони 15-солае Мубинҷон Аҳмадовро бо зарби як корд захмӣ кардааст. “Чаҳор нафар маро зери худ афтонданд, ки он вақт гуруҳи зиёди наврасону ҷавонон болои сарам буданд. Бачаҳои ноболиғ буд, ягон мушт назадам ва фикри ҷангро ҳам надоштам. Яке аз онҳо бо корд як бор ба ҷигару шушам зад. Ман то ҳол сабаби ҳамлаи онҳоро намедонам. Муҳим ҳоло сиҳатам, боз дуруст мешавам”.

Аз мусобиқаи ҷаҳонӣ монд

Бино ба гуфти Мубинҷон Аҳмадов, тасмим дошт ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳони кӯштии юнонӣ-румӣ биравад, ки рӯзҳои 10-17-уми декабр дар Сербистон доир мешуд. Аммо ин мусобиқа бинобар ҳамагирӣ доир нашуд ва ташкилкунандагон ба ҷойи он Ҷоми ҷаҳони кӯштии юнонӣ-румиро эълон карданд, ки барои иштирок варзишгари тоҷик ба он омодагӣ медид. Тасмим буд, шурӯъ аз 12-уми декабр Мубинҷон Аҳмадов Тоҷикистонро дар ин мусобиқа муаррифӣ кунад. Аммо варзишгар мегӯяд, “тайёрӣ дида истода будам, ки ин кор шуд”.

Исроил Умаров, дӯсти Мубинҷон Аҳмадов, ки ӯ низ дар пайи ин ҷанги гуруҳӣ бо зарби ду корд аз тахтапушт захм бардоштааст, мегӯяд ҷароҳати ӯ начандон вазнин аст ва ҳоло ҳарду якҷоя дар як беморхона бистариянд. Ӯ низ мегӯяд, чаро он гуруҳ ба ин варзишгар дарафтоданд, норӯшан аст:

“Ягон кас он бачаро дар бозӣ дашном надода буд ва мо ҳам агар дошном дода бошем, розием ба ҳамин корди задааш. То замоне, ки ман барои халоскунӣ рафтам, дар болои Мубинҷон 4-5 кас буд. Ман хостам онҳоро аз болои варзишгар гирам. Аммо ба ман низ ду корд зад. Ин ҳолатро мо умуман интизор набудем”.

Ӯғулой Ашрапова, модари Мубинҷон Ахмедов мегӯяд, нафаронеро, ки писарашро захмӣ кардааст, намешиносад. Вай афзуд “писарам агар аз он бачаҳои шӯх мебуд, мегуфтам айби худаш. Бачаи ман вазнин ва таҳаммулпазир аст. То ҳол аз ҳеҷ кас нисбати тарбияи писарам шикоят нашуднидаам.”-илова кард Ӯғулой Ашрапова.

Ӯғулой Ашрапова, модари Мубинҷон
Asia-Plus

“Ман ҳоло ҳайрон, ки чаро саркардаи ин ҷангро милитсия сар додааст. Ҳоло танҳо он нафари кордзадагӣ дар боздошт аст. Бачаи ман як бор ба роҳгардӣ дарояд, ман нисбати ин қазия баъд бо онҳо суҳбат мекунам”.

Аз мақомоти Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ба Азия-Плюс гуфтанд, ки дар пайи ҷанҷоли гуруҳии шоми 6-уми декабр нисбати ду нафар, яке ноболиғи 15-сола ва дигаре ҷавони 21-сола парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Акбар Шарифӣ, сухангӯйи ин ниҳод гуфт, дар пайи ин ҳодиса варзишгар ва рафиқаш аз захми корд ҷароҳат бардоштаанд.

Милиса нисбати ин ҳодиса дар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ: 237 “авбошӣ” ва моддаи 110 “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ”-и парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Моҳи феврали соли 2020 Мубинҷон Ахмадов дар мусобиқаи Қаҳрамонии Осиё, ки дар Ҳиндустон доир гардид, дар вазни 63 кило мақоми сеюмро касб карда буд. Ин нахустин ҷоизаи сатҳи ҷаҳонии варзишгар буд. Кӯштингир мегӯяд, баъди сиҳат шудан ба Олимпиадаи 2021 омодагӣ мебинад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.