Сокинони деҳаи Оқсойи вилояти Ботканди Қирғизистон рӯзи 16 декабр қарибиҳои шом роҳеро бастанд, ки ҷамоати Ворухи Тоҷикистонро бо шаҳри Исфара пайваст мекунад.
Роҳ баъди он баста шуд, ки яке аз сокинони Оқсой дар бораи гум шудани аспҳояш хабар дода, ба гумонаш, гӯё онҳоро ба самти Тоҷикистон бурдаанд.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси вилояти Суғд хабар доданд, аз ҳар ду ҷониб сарҳадбонон ва намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд.
“Ба онҳо муяссар шуд, ки роҳро кушоянд ва мардуми аз ҳар ду тараф ҷамъомада оромона ба хонаҳояшон рафтанд. Нофаҳмии навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ин дафъа бидуни пайомади ҷиддӣ анҷом ёфт”, - илова кард ӯ.
Субҳи имрӯз роҳе, ки Исфараро бо ҷазирқаламрави Ворух пайваст мекунад, бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, дар марзи ду кишвар издиҳоми мардум ба мушоҳида намерасад.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Фурудгоҳи Хуҷанд аз ҳукумат барои баргардонии қарзҳояш муҳлат хост
Хориҷиён бе тести коронавирус ба Тоҷикистон омада метавонанд: ҳукумат иҷоза дод
Бахилӣ намекунад: Достони ризокори 33-сола дар Хуҷанд, ки ба дигарон бепул забони хориҷӣ меомӯзонад
Роҳҳои Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ боз шуданду лекин на барои ҳама
Моҳи март тоҷикистониён 13 рӯз истироҳат мекунанд
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки дар сомонаи фишингӣ қарор доред?
Барфи ногаҳонӣ ва шояд охирини имсол дар Душанбе
Ҳукумат ӯро “душмани халқ” карду мардум пирӯзи интихобот
"Азия-Плюс" рӯзноманигорони шаҳрвандиро барои ҳамкорӣ даъват мекунад
Пардохти хизматрасониҳои электронии хориҷӣ дар Тоҷикистон боз имконпазир шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста