Соли 2020 дар сохтмони неругоҳи “Роғун” 15 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифт шудааст, ки дар натиҷа 3 нафар корманд ба ҳалок расидаву 15 нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора Раҳим Санат Асо сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкорӣ, зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе иттилоъ дод.
Ҳамчунин ба гуфтаи Раҳим Санат Асо, дар корхонаву иншооти зери назорати Хадамот дар соли 2020 31 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 8 нафар ҳалок ва 33 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ин дар ҳоле, ки дар ҳамин давраи соли 2019 ҳамагӣ 33 ходисаи нохуш ва 3 садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 20 нафар ҳалок ва 25 нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
Ӯ гуфт, соли гузашта дар баробари 20 шахси мансабдор, 5 нафар шахси воқеӣ ва 2 шахси ҳуқуқӣ аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, ҷарима баста шуданд. Маблағи умумии ҷарима 89310,0 сомониро ташкил додааст.
Ба иттилои манбаъ, сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш – риоя нагардидани талаботи техникаи бехатарӣ, номукаммал гузаронидани дастурдиҳӣ дар ҷойи кор аз ҷониби шахсони масъули техникӣ, бо ҳавои тозаи кофӣ таъмин нагардидани қитъаҳои кории зеризаминӣ, ҳамчунин муҷаҳҳаз нагардидани мавзеҳои корӣ бо гӯшаҳои техникаи бехатарӣ, дастурамалҳо оиди ҳифзи меҳнат, лавҳаҳо ва ашёҳои аёнии омӯзишӣ мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Иштироки мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Бонки осиёии рушд то охири соли 2026 ба Тоҷикистон танҳо грант медиҳад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2026
Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста