Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибуллозода гуфт, ӯ то кунун духтараки 12-солаеро, ки дар Ҳисор таҷовуз шудаасту фарзанд таваллуд кард хабар нагирифтааст. Аммо Ҳабибуллозода дар нишасти хабарӣ гуфт, ки онҳо аз тариқи масъули комиссияи ҳуқуқи кӯдаки шаҳри Ҳисор аз аҳволи ӯ хабардор шудаанд.
Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак ҳамчунин гуфт то имрӯз шахсан аз аҳволи ин кӯдаки ноболиғ хабар нагирифтааст ва бо хоҳиши муроҷиаткунанда намояндаи онҳо дар мурофиа судӣ иштирок кардаасту халос.
«Шахсан ман ин духтаракро хабар нагирифтам. Лекин бо комиссияи ҳуқуки кӯдаки шаҳри Ҳисор вобаста ба ин масъала ҳамеша дар тамос ҳастем ва бо хоҳиши мо комиссияи мазкур пайваста аз аҳволи духтараки 12-сола дар Ҳисор хабардор мешаванд», - гуфт Раҷабо Ҳабибуллозода.
Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак гуфт, ки вобаста ба ҳолати мазкур ба онҳо муроҷиат нашудааст ва парвандаи мазкур аз ҷониб ин ниҳод пайгирӣ нашудааст.
Раҷабмо Ҳабибуллозода дар мавриди ҳукми суд нисбат ба ин ҷинояти сангин гуфт, ки ҳоло баҳо додан ба ҳукми суд ваколати мо нест.
“Ваколати баҳо додан ба ин ё он қарори суд ваколати зинаҳои болоӣ судӣ аст. Мо ин масъаларо дар ин ҷо шарҳ дода наметавонем, чун ба тафтишоти нав баргардонида шуд. Ва ҳама огоҳ хастем, ки парванда ба суд рафт ва ҳукм гирифт. Суд дар доираи санксияе, ки талаботи Кодекси ҷиноятии ҶТ пешбинӣ кардааст, нисбати гунаҳгор 5 сол тадбиқ кард ва бо татбиқи қонуни авф гунаҳгор озод шуд. Нисбат ба ин ҳукм шикояти кассастсионӣ оварда шудааст ва ба коллегияи кассатсионии Суди олӣ барои тафтишоти нав ирсол гардид”.
Волидони духтараки ҷабрдида низ қаблан ба “Азия-Плюс” изҳор карда буданд, ки ҳеҷ касе назди онҳо наомадааст.
“Ҳеҷ касе назди мо омада, арзи моро нашунидааст. Умеди охирини мо - рӯзноманигорон ва президенти муҳтарам мебошанд”, - гуфта буд бибии духтари ҷабрдида Анор Зарипова.
Қазияи таҷовуз шудани кӯдаки 12-сола дар Ҳисор яке аз ҳодисаҳои пурсарусадои ахир дар Тоҷикистон буд, ки вокунишҳои ҷиддие дар пай дошт. Баъдан ҳукмеро, ки додгоҳи шаҳри Ҳисор дар баробари муҷрими ин қазия содир карда буд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони иҷтимоӣ хеле ночиз донистанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба баҳс кашиданд.
Бояд гуфт cjkb 2019 дар шаҳри Ҳисор марди 42-сола ба номуси кӯдаки 12-сола, ки гуфта мешавад риштаи хешиву таборӣ доштаанд, дастдарозӣ карда буд, ки баъдан кӯдаки 12-сола дар 13-солагияш фарзанд таваллду кард.
Ҳоло ҷониби ҷабрдида аз ҳукми додгоҳи шаҳри Ҳисор, ки онро ноодилона ҳисоб мекунанд, ба Додгоҳи олӣ шикоят овардаанд, ки баррасӣ мешавад.
Ба гуфтаи духтари ҷабрдида, 9 августи соли 2019 хешашон (писари тағо) Ҳуснӣ Абдуллоев ӯро дар назди говхона бо зарба беҳуш карда, ба номусаш дастдарозӣ ва таҳдид кардааст, ки агар ба касе ин корро гӯяд, мекушад. Ин амал низ минбаъд маҷбурӣ борҳо такрор шудааст.
Ҳамзамон дар нишаст қайд гардид, ки дар соли 2019 дар маҷмӯъ ҷиноятҳои бадрафтории ҷинсӣ нисбат ба ноболиғон 10 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки дар соли 2020 9 ҳолатро ташкил медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар Конститутсияи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва демократия чӣ гуфта шудааст?
“Рӯйхати сиёҳ”-и Русия. Посух ба муҳимтарин саволҳо инҷост
Ифшои маълумоти махфӣ дар Исроил, изҳороти Пизишкиён, аввалин ҷанги сарбозони Корея дар Курск, интихоб миёни Трамп ва Ҳаррис
Дар Душанбе давраҳои омӯзишии ройгон оид ба эҷоди муҳтавои расонаҳо ва мубориза бо дурӯғпароканӣ оғоз шуд
“Занат аз болои ту шикоят кард, талоқаш деҳ!”. Милитсия ба шикояти занон аз зӯроварӣ чӣ гуна вокуниш мекунад?
Таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон ба ҷалби сармоягузории Фонди кувайтии рушд ба иқтисоди Тоҷикистон
Се шаҳрванди Покистон барои фурӯши сиккаҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон боздошт шуданд
Эҳсони Панҷшанбе мавсими ояндаро дар Ӯзбекистон мегузаронад
Муҳаққиқи рӯзгори шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ ва фарҳангии тоҷик. Академик Аҳрор Мухторов 100-сола шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Масҷиди меҳмонкуш”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста