Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкати сохтмонии "Комил-2010"-ро, ки гуфта мешавад мутааллиқ ба Бег Сабур раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст, вориди рӯйхати сиёҳ кардааст. Дар ин бора Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарии ин ниҳод, ки ҳамин ҳоло ҷараён дорад, ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Зувайдзода гуфт, ки дар биноҳое, ки ширкати "Комил-2010"-и Бег Сабур сохтааст, аллакай санҷиши давлатӣ оғоз шудааст. Дар се иншоот онҳо аллакай камбудиву норасоиҳо бартараф карда шуданд ва барои қабули комиссияи давлатӣ омода шудаанд. Дар як иншооти дигар дар маҳаллаи Зарафшон низ тафтиш оғоз мешавад, ки онҷо камбуд хеле зиёд аст. Вале мо ҳоло иҷозатномаашро бозхонд карда наметавонем, зеро мардуме, ки хона харидаанд, зарар мебинанд. Дар ҳоли ҳозир ин ширкат бо қарори раиси шаҳр ба рӯйхати сиёҳ ворид карда шудааст, ба онҳо на замин барои сохтмон дода мешаваду на иҷозаи сохтмон".
Ширкати "Комил-2010", ки расман ба номи писари Бег Сабур номнавис шудааст, яке аз ширкатҳои фаъоли сохтмонӣ дар бозори бунёди хонаҳои истиқоматӣ аст, ки солҳои ахир аз сифати кори ин ширкат шикоятҳо зиёд шудаанд.
Пештар расонаҳо борҳо навишта буданд, ки худи Бег Сабур дар идораи давлатӣ - Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба хариду фурӯши хонаҳое машғул аст, ки ширкатҳои сохтмониаш бунёд мекунад.
Дар ҳоли ҳозир, ба гуфти Зувайдзода, дар Тоҷикистон 2018 ширкати сохтмонӣ иҷозатнома доранд, ки аз ин 53 ширкат хориҷиянд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста