Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ба "Азия-Плюс" гуфт, ки вазъи саломатии Раҷабалӣ Одинаев муассис ва роҳбари пешини ширкати "Умед-88" "баъди ҷарроҳӣ хуб аст ва зери назорати табибон қарор дорад".
Вазъи саломатии Раҷабалӣ Одинаев, ки ба иттиҳоми азхудкунии воситаҳои давлатӣ, камомад ва ғайримақсаднок истифода бурдани қарз ба 24 соли зиндон маҳкум шуда буд, ду ҳафта пеш бад шуда ба беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ» интиқол дода шуда буд.
Ба иттилои манбаъ, бемории Одинаев якбора хуруҷ карда, ӯ ба беморхона интиқол ва ҷарроҳӣ шуд.
«Одинаев саломатияш бад мегардад ва ба беморхона интиқол гардид. Ӯ аз дарди меъда азият кашид ва баъди ташхис маълум гардид, ки ӯ ба ҷарроҳӣ ниёз дорад".
Умаров мегӯяд, ки онҳо намегузоранд ҳуқуқи маҳбусон ба табобат поймол гардад ва дар ҳама ҳолат аз ҳуқуқи онҳо дифоъ хоҳанд кард. Ба назари ӯ, ҳар маҳбусе, ки бемор мегардаду баъди ташхис ба ҷарроҳӣ эҳтиёҷ дошта бошад, ҳатман ба беморхона интиқол дода мешавад ва ба табобат фаро гирифта мешавад. Сардори муассисаҳои ислоҳӣ мегӯяд, ки интиқоли маҳбусон барои табобат берун аз муассисаи ислоҳӣ кам набуда, тақрибан моҳе се чор нафар берун аз муассисаи ислоҳӣ ба табобат фаро гирифта мешаванд.
«Маҳбусон низ инсон ҳастанд ва онҳо алакай ҷазои худро гирифта истодаанд. Вале ин маънои онро надорад, ки онҳо ҷиноят кардаанд ва ба табобат ё дигар чизҳо фаро гирифта нашванд. Баръакс барои онҳо чунин имкониатҳо дода мешавад ва ҳеҷ мушкилие барои ин пеш намеояд. Мо чандин маҳбусро аз муассисаҳои ислоҳӣ барои табобат ба беморхонаҳо интиқол додаем, ҳарчанд ҷинояти вазнин ҳам карда бошанд».
Бояд гуфт, ки 17 сентябри соли 2018 Додгоҳи олии Тоҷикистон раҳбари ширкати «Умед-88»-ро барои 24 сол равонаи зиндон кард.
Раҷабалӣ Одинаев 14 октябри соли 2017 боздошт шуда буд. Он замон зикр гардида буд, ки ширкат аз Вазорати молия дар ҳаҷми 170 млн. сомонӣ қарз гирифта, наздик ба 4 сол аст, ки онро ба давлат баргардонида наметавонад.
Ширкати “Умед-88” муддати беш аз 20 сол ба воридот ва фурӯши чаканаи маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон машғул буд. Ширкат асосан аз Русия ва Қазоқистон бензин ва сӯзишвории дизелӣ ворид мекард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста