Имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд як духтари 15-солаеро наҷот доданд, ки ба қасди худкушӣ худро ба дарёи Сир афканда буд.

Тавре маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, хабари худро ба дарё сарозер кардани ин духтар соати 12:20 дақиқа расид ва наҷотдиҳандагон фаврӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

“Корҳои наҷот вақти зиёд нагирифта, имдодгарон фаврӣ худро ба об зада, духтарро зинда наҷот доданд, -омадааст дар хабари Кумита. - Наҷотдиҳандагон то омадани мошини ёрии таъҷилӣ ба духтар кумакҳои аввалияи тиббиро расонданд. Ба сабаби сардии оби дарё наҷотёфта ба ёрии амалии тиббӣ ниёз дошт. Аз ин рӯ, зарур омад ӯро бо мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон интиқол диҳанд”.

Гуфта мешавад, ҷузъиёти бештар дар бораи ин духтар маълум нест. Маълум ҳам нест, ки чӣ ва ё кӣ ӯро ба амали худкушӣ тела додааст.

Зимнан зикр мегардад, ки мақомоти дахлдор сабабҳои ин амали духтари 15-соларо меомӯзад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.