Дар бинои истиқоматии воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ 5/4-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (мавзеи бозори “Саховат”) тахминан соати 20-30 дақиқаи рӯзи 5 апрел сӯхтор ба амал омад.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, баробари расидани хабар фавран ба ҷойи ҳодиса 4 адад нақлиёти асосиву махсуси оташнишонӣ сафарбар карда шуданд.

“Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидан дар соати 20.42-дақиқа, муайян карда шуд, ки дар ду ҳуҷраи ошёнаи 1 ва 2-юми бинои истиқоматӣ сӯхтор ба амал омадааст”, - гуфта мешавад дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, соҳибхона бо фарзандонашва дар умум 10-нафар шаҳрвандон аз коми оташ ба ҷойҳои бехавф бароварда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, сӯхтор масоҳати 35 метри мураббаъро фаро гирифта, бепаҳншавӣ ба дигар ҳуҷраҳои зисти шаҳрвандон, дар соати 21:29-дақиқа ба пуррагӣ хомӯш карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз сӯхтор шаҳрвандони бино ва фарзандони соҳибхона ягон осеб надидааанд.

Бино ба иттилои мутахассисони ХДО ВКД, сабаби сӯхтор беназорат гузоштани асбоби барқии телевизор дар дохили ҳуҷраи зист буда, зарар аз сӯхтор муайян карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.