Ин ҳодисаи фоҷеабор дар деҳаи Сабзазори ноҳияи Ёвон рух дода, 18-уми апрел як модари ҷавон ҳамроҳи духтарчаи духтарчаи 6-солаааш ба канали деҳа барои обгирӣ меравад.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, замоне, ки модар об мегирифт, духтарча ба оби канал сарозер мешавад.
“Модари ҷавон, ки 26 сол беш надорад, саросемавор худро ба об мезанад. Аммо мавҷи хурӯшон тифло бурда буд. Модар ҳар қадар, ки талош кард, натавонист ба фарзандаш расад ва қариб буд риштаи ҳаёташ канда шавад”, - омадааст дар хабари Кумита.
Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол хонандаи синфи 11 МТМУ №52, сокини ҳамин деҳа ҳолро дидаву худро ба об меандозад ва модари тифлро наҷот медиҳад.
Ҷасади духтарча пас аз як рӯз тақрибан 500 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса дарёфт шуда, ба хешовандонаш супурда шудааст.
Бино ба маълумоти КҲФ Тоҷикистон, аз оғози соли 2021 дар дарёву кӯл ва обанборҳои кишвар 16 нафар ҳалок шуданд, ки 4 нафарашон кӯдакон мебошанд. Соли 2020 дар Тоҷикистон 107 нафар ғарқ шуда буданд, ки 33 нафарашонро кӯдакони синни аз 4 то 17-сола ташкил медоданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.