Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон се ноболиғ ва як ҷавони 19-соларо дар куштори як сокини 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ гумонбар медонад.
Дафтари матбуоти ин ниҳод мегӯяд, ки рӯзи 20-уми апрел як марди сокини шаҳри Душанбе ба милиса хабар додааст, ки баъди асри ҳамон рӯз писари 24-солааш аз сӯйи шахсони номаълум мавриди ҳамла қарор гирифтааст, ба қафаси синааш бо корд задаанд. Бар пайи ин зарбаи кор писараш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо “изи гарм” ноболиғони 13, 17, 17 ва ҷавони 19-солаи сокинони ҷамоати шаҳраки Навободи ҳамин ноҳия бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуданд",- хабар медиҳад ВКД.
Бино ба иттилои манбаъ ин нафарон 20-уми апрели соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ байни худ бо ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе, ноболиғи 17 ва ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навобод муноқиша карда, дар натиҷа яке аз ноболиғони гумонбаршаванда бо корд 1-маротиба ба қафаси синаи марҳум мезанад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста