Сокинони деҳаи Зинги ноҳияи Дарвози ВМКБ дар соҳили дарёи Пнҷ ҷасади марди номаълуми синнаш 30-35-соларо дарёфт намуданд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, онҳо ҷасадро ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд.
Маълум шудааст, ки ин мард Гулобиддин Валади Муҳамаддин, сокини Афғонистон буда, тақрибан 20 рӯз пеш ҳангоми шикори мурғобӣ аз беэҳтиётӣ дар дарёи Панҷ ғарқ шудааст.
Гуфта мешавад, ҷасади ӯро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тариқи пули деҳаи Рузвай ба Афғонистон интиқол додаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.