Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави пойтахт ду ҳодисаҳои ғарқшавии кӯдакон ба қайд гирифта шуд.
Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳар ду ноболиғ ҳам назди обанбор бе назорати калонсолон қарор доштаанд.
“Нимаи дуюми рӯзи 6 май ба нуқтаи навбатдории Кумита хабар расид, ки дар обанбори Боғи фарҳангу истироҳати ба номи Фирдавсӣ як кӯдак ғарқ шудааст, - хабар доданд дар КҲФ. - Вақте наҷотбахшони Кумита ба ҷойи ҳодиса омаданд, маълум шуд, ки ғарқшуда - ноболиғи 12-солаи сокини пойтахт бо дӯстонаш дар ҷойи барои оббозӣ пешбининашуда ба об даромада, базудӣ ғарқ шудааст”.
Ба иттилои манбаъ, бо ёрии ғаввос (водолаз) ҷасади писарча аз об берун оварда шуда, ба наздиконаш супурда шуд.
Гуфта мешавад, ҳодисаи дуюм дар қаламрави ноҳияи Шоҳмансур дар соҳили дарёи Кофарниҳон рух дод.
“Ҳангоми бозӣ дар соҳил сокини 7-солаи Душанбе ба об афтода, маҷрои тези об дар сонияҳои башумор ӯро зери об мекашад. Наҷотбахшони Кумиита дар пойтахт фавран ба корҳои ҷустуҷӯ оғоз намуда, лекин аз он натиҷае ҳосил нашуд. Корҳои ҷустуҷӯ идома доранд”, - иттилоъ медиҳад маркази матбуоти КҲФ.
Қобили зикр аст, ки дар зарфи 4 моҳи соли 2021 дар дарёву кӯл ва дигар обанборҳои ҷумҳурӣ 19 нафар ғарқ шуд: синни то 4 сола - 5 нафар, аз 5 то 10-сола - 2 нафар, аз 11 то 16-сола - 2 нафар, аз 17 то 35-сола - 6 нафар ва синии аз 35-сола боло 4 нафар.
Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар ба волидон хотиррасон менамояд, ки кӯдаконро беназорат нагузошта, қоидаҳои бехатариро ҳангоми ҳузур доштан назди обанборҳо ва дар об риоя кунанд. Оббозӣ кардан дар ҷойҳое, ки бо шароити зарурӣ таъмин нашудааст, манъ аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.