Бар асари садамаи нақлиёт дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2 нафар ҳалок ва боз ду каси дигар ҷароҳат бардоштанд.
Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳодиса шаби рӯзи 17 май дар қаламрави ноҳияи Роштқалъа рух додааст. Ронандаи автомашинаи боркаши “ГАЗ-53”, сокини 45-солаи маҳаллӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа он ба дарё чаппа мешавад.
“Бар асари ҷароҳатҳои бардошта ду мусофири автомашина - мардони соли таваллудашон 1977 ва 1970 дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - омадааст дар маълумоти ВКД.
Ду мусофири дигари автомашинаи боркаш - як марду як зан ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Доир ба вазъи солимии ронандаи автомашинаи боркаш дар маълумоти ВКД чизе гуфта намешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.