Маргарита Расулова, шаҳрванди Тоҷикистон бо набераи 6-солааш дар фурудгоҳи шаҳри Ӯши Қирғизистон дармондааст. Гуфта мешавад ӯ рӯзи сеюм аст, ки дар ин фурудгоҳ банд мондааст. Дар ин бора Радиои "Озодӣ" хабар медиҳад. 

Ин зан, ки бо наберааш рӯзи 25-уми май аз Сургути Русия ба Қирғизистон парвоз кардааст, бояд баъдан мебоист аз он ҷо бо роҳи заминӣ ба Тоҷикистон меомад, вале марзбонони қирғиз ба ӯ иҷозаи аз фурудгоҳ берун шуданро надодаанд.

Қирғизистон аз 21-уми май ба ин сӯ марзҳояшро ба рӯйи Тоҷикистон баст ва гуфт то поёни ҳалли баҳси марзӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи вуруд ва хориҷ шуданро намедиҳад. Ҷониби Тоҷикистон гуфт, аз ин тасмими мақомоти қирғиз замоне хабар ёфтанд, ки субҳи 26-уми май ҳавопаймои ширкати "Сомон эйр"-ро бо 177 мусофир аз Бишкек ба Душанбе пас гардонданд.

Бар пайи ин тасмими ҷониби Қирғизистон Вазорати корҳои хориҷӣ бо нашри хабарномае аз шаҳрвандони кишвар хост, ки аз ҳама намуди сафар ба Қирғизистон худдорӣ кунанд. 

Ҳамзамон ҳудуди сад мусофире, ки шаби 25-уми май бояд аз Бишкек ба Тоҷикистон бармегаштанд, иҷозаи парвозро  дарёфт накарданд.

Маргарита Расулова ҳамроҳ бо набераи 6-солааш, аз ҷумлаи мусофиронест, ки гуфтааст, аз қарори мақомоти қирғиз то лаҳзаи расидан ба Қирғизистон хабар надоштанд. Мушкили ин зан дар он аст, ки ӯ танҳо санади бозгашт ба ватан дорад, ки бо он ба ҷуз Тоҷикистон ҳаққи сафар ба ҳеҷ кишвареро надорад.

"Ба мо гуфтанд, ки ба ҳама иҷозат ҳаст, билет фурӯхтанд, санади бозгашт ба ватан доданд, ки амалан мо дигар ҳеҷ ҳуҷҷате надорем. Дар хазинаи чиптахарӣ пурсидем, ки чӣ хел ба Тоҷикистон равем, гуфтанд, ба воситаи Уш. Мо 25-уми май омадем ва дар хати сурх дармондем. Ба мо ҳатто об намедиҳанд. Мо хоҳиш кардем, ки иҷоза диҳанд, нон харем, вале иҷоза надоданд. Боварам намеояд, ки як зану кӯдакро иҷозаи сафар ба ватанашон надиҳанд. Се рӯз боз азоб мекашем.",--гуфтааст Маргарита Расулова.

Алия Қурбонова, сухангӯи фурудгоҳи "Манас" банд мондани як зану кӯдак аз Тоҷикистон дар фурудгоҳи Ушро тасдиқ карда гуфтааст, ки онҳо аз ҷониби ширкате, ки онҳоро овардааст, бо маводи ғизоӣ таъмин мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.