Як сарбози Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар рудхонаи Панҷоби ноҳияи Ҳамадонӣ ғарқ шудааст. Мақомот мегӯянд, ки ҷустуҷӯи ҷасади ин марзбон идома дорад.

Радиои Озодӣ бо ишора ба як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 4-уми июн хабар дод, ки марзбони ғарқшуда Юсуфҷон Музаффарзода, сокини шаҳраки Бустони ноҳияи Мастчоҳ мебошад. Музаффарзода тирамоҳи соли 2020 ба артиш даъват шуда, аз шаш моҳ ба ин тараф дар қисми марзбонии ноҳияи Ҳамадонӣ хидмат мекард.

Ба иттилои манбаъ, ин марзбон дар пайи гармии ҳаво хостааст, ки дар рудхонаи Панҷоб шиноварӣ кунад ва ғарқ шудааст. Дар ҳоли ҳозир оби рӯдхона аз саргаҳи дарёи Панҷ баста шуда, ҷустуҷӯи ҷасади ин сарбоз идома дорад.

Ин бори аввал нест, ки дар ин ноҳияи марзӣ сарбозон ҳангоми оббозӣ ғарқ мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.