Вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, ки то кунун 8 вулусволиро аз дасти гуруҳи террористии "Толибон" бозпас гирифтааст. Фавод Амон, муовин сухангӯйи ин ниҳод бо нашри як хабарнома, субҳи рӯзи ҷумъа гуфт, ки бомдоди имрӯз неруҳои давлатӣ вулусволии Андхуйи вилояти Форёб ва пеш аз зуҳр вулусволии Ханҷони вилояти Бағлонро дар шимоли кишварро озод кардаанд.
Фавод Амон гуфтааст, ки ҷангҷуён "Толибон" аз вулусволии Андхӯй дар пайи иҷрои амалёти неруҳои амният "фирор" кардаанд. Ин мақоми вазорати дифои Афғонистон гуфтааст, ки амалиёти неруҳои амниятӣ барои бозпас гирифтани вулусволиҳо аз "Толибон" шиддат гирифтааст.
"Толибон" иддао доранд, ки дар ду моҳи ахир 60 вулусволиро дар Афғонистон ба даст гирифтаанд. Аз ҷумла ин гуруҳ чанде аз вулусволиҳоро дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз ҳастанд, гирифтаанд.
Рӯзи 22-юми июн ин гуруҳ, гузаргоҳи муҳими тиҷоративу гумрукии Шерхон-Бандар миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро гирифтанд. Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон гуфт, ки бар пайи ин амалиёти "Толибон" 134 неруи амниятии Афғонистон ба Тоҷикистон фирор карданд ва бештар аз 100 нафар ба дасти "Толибон" асиру куштаву захмӣ шуданд.
То ҳол гузаргоҳи Шерхон-Бандар ба дасти "Толибон" қарор дорад ва равуои мошинҳои боркаш ва ҳамчунин рафту омадаи шаҳрвандон манъ карда шудааст.
Вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, дирӯз ҳамчунин вулусволиҳои Сайиакрам ва Аҳмадбобои вилояти Пактиёро низ аз "Толибон" бозпас гирифтааст. Толибон дирӯз иддао карда буданд, ки бозпас гирифтани вулусволиҳо аз сӯйи неруҳои давлатии Афғонистон дурӯғ аст ва ин вулусволиҳо то кунун дар дасти онҳо қарор доранд.
Дар чор вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистони Афғонистон - Кундуз, Тахор, Бадахшон ва Балх вулусволиҳои зиёде ба дасти Толибон афтодаанд. Дар як ҳафати ахир вулусволиҳои Имом Соҳиби Кундуз ва Дарқади Тахор, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз мебошанд ба дасти "Толибон" афтодаанд.
Неруҳои марзбонии Кумидати давлатии амнияти миллии Тоҷикистон вазъияти марзӣ бо Афғонистонро мураккаб арзёбӣ мекунад.
Бар пайи суқути вулусволиҳои зиёд, дар Афғонистон мавҷи хезишҳои мардумӣ барои муқовимат дар баробари "Толибон" мушоҳида мешавад. То имрӯз дар Куҳдомани вилояти Кобул, Мазори Шариф, Форёб, Тахор, Бағлон ва дигар вилоятҳои шимолии Афғонистон бархе чеҳраҳои собиқи муҷоҳиддини Афғонистон бо мавҷи азиме аз мардум барои муқовимат бо "Толибон" бархестаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста