Сели пурқурбонии рӯзи 19-уми июл дар деҳаи Киштӯдаки ҷамоати Ёрии Панҷакент ҷони 12 нафарро гирифт, 8 қурбонии он аъзои як хонаводаву як аҷдод буданд. Ду қурбонии дигари ин селро то кунун дарёфт накардаанд.
Фоҷиаи ин ҳодиса дар тамоми кунҷа канори ин деҳаи дар ҳоли ҳозир мотамзада эҳсос мешавад. Хусусан дар хонаводаҳое, ки як аҷдод 8 нафарро аз даст дода ва 5 нафари онҳо як модар бо 5 фарзандаш мебошанд. Пайвандони ҷонбохтагон ва сокинони деҳа аз чӣ гуна рух додани офат ва оқибатҳои он ба “Asia-Plus” гуфтанд.
Фоҷиаи Киштӯдак, аслан дар чарогоҳи тобистонаи ин деҳа рух додааст. Мардум мегӯянд, ки пас аз зуҳри 19-уми июл дар чарогоҳ боронҳои пай дар пай обхезии харобиоварро ба бор меоварад, ки дар натиҷа хаймаҳои тобистонаи сокинони мавсимии чарогоҳро бо истиқоматкунандагон ба коми худ мекашад.
Сокинон мегӯянд, дар аввалин фурсат ба кӯмаки онон шитофтем ва тими “Зарафшон-зудамал”-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Панҷакент низ дар наҷот додани мардум сокинонро ҳамроҳӣ кардааст. Наҷотбахшони КҲФ бо чархбол ба ҷойи ҳодиса омада, ба кофтукоби ҷасадҳо машғул шудаанд.
Ҳикматулло Мардонон, аз наздикони яке аз ҷонбохтагон мегӯяд, ман дар дохили ҳодисаи даҳшатбор будам ва он чӣ аз сарамон гузашт, бо чашмонам дидам.
- Мо бо тими “Зарафшон-зудамал” ҷасади 8 нафарро аз ҷои ҳодиса аз даруни лойю гил дарёфтем ва ҷасади ду нафари дигарро аз дарёи Зарафшон пайдо кардем. Ҳамаамон кӯшиш кардем, ки ду нафари дигарро, ки аз ин офат бедарак буданд, пайдо кунем, аммо мутаассифона, аз ду ҷавон то ҳол дарак нашуд, - мегӯяд Ҳикматулло.
Исмоилова Нозимаи 16-сола ва Ёқубов Ҳабиби 18-сола то кунун ёфт нашудаанд ва ҳоло ҷустуҷӯйи он ду аз ҷониби кормандони КҲФ ва аҳолии маҳаллӣ идома дорад.
Нозима бо ду хоҳару ду бародар ва модараш – Исмоилова Парвинаи 31-сола (модар) ва Исмоилова Сафияи 8 - сола, Исмоилов Эзоҳи 10 - сола, Исмлилов Озоди 6 - сола, Исмоилова Нигинаи 3 – сола (фарзандон) аз як оила дар ин офат ҷон мебозанд. Наздиконашон Исмоилова Сабринаи 6 - сола, Исмоилов Ҳасани 3 - сола низ аз ҳамин ҳодиса ҷони худро аз даст додаанд.
Бойалӣ Исмоилов, амаки ин қурбониёни ҳодиса мегӯяд, ҳоло 7-нафарашонро гӯру чӯб кардем, вале Нозимаро то кунун пайдо намекунем. Падарашон дар Русия буд, омад, лекин аз ин бало ҳеҷ ба худ намеояд.
Сокинон мегӯянд, ҷасади 10 нафарро то зуҳри рӯзи Иди Қурбон – 20-уми июл пайдо карда, соати 14 ҳамаро ба хок супоридем. Селбурдаҳои дигар, Ҷониқулова Мавҷудаи 53 -cола, Ҷониқулова Норбибии 71-cола, ки зоҳиран хешованданд ва Эгамбердиева Мусаллам мебошанд.
Сели рӯзи 19-уми июл бар илова гирифтани ҷони 12 нафар, хисороти бузурги дигаре ҳам ба мардум расонид.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, тахминан соати 15:30 як сели азим дар деҳаи Дашти Қозии ҷамоаи Ёрии Панҷекат ҳам омад. Тибқи маълумоти пешакӣ аз лойобаву регу шағале, ки ин сел овард, 15 хонаи истиқоматӣ, қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон, 3 километр роҳи байни деҳаҳо зарар диданд. Аз нопадид шудани 35 сар чорвои калон ва хурд низ хабар дода мешавад. Дар ҳамин ҳол бегоҳӣ, тақрибан соати 17:30 дақиқа сокинони маҳаллӣ ҷасади ду занро аз зери лойобаҳо берун оварданд.
Ба гуфтаи Маҳкамбой Ҳалимов, котиби ҷамоати деҳоти Ёрии Панҷакент, танҳо дар деҳаи Вешист, 200 сар моли майда, 7 мошин, 9 сар моли калон, 1 пул ва 1 трансфарматорро сел ба коми худ бурдааст. Котиби ҷамоат гуфт, ин танҳо ҳисоботи пешакист ва ҳисобу китоби дақиқи хисороти сел дар ин ҷамоат ниҳоӣ нашудааст.
Ин бори аввал нест, ки дар ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент сел ба мардум хисроти моливу ҷонӣ мерасонад. Соли 2019, дар рӯзи Иди Рамазон ҳам дар ин ҷамоат сел омада буд, ки талафоти ҷониву молӣ дар пай дошт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста