Донишҷӯи 18-сола Тимур Бекмансуров либоси ҳарбӣ дар бар субҳи 20 сентябр дар кампуси донишгоҳ аз силоҳи оташфишон тирпаронӣ карда, сипас ба бинои ҳаштуми донишгоҳ ворид мешавад.
Тавре Медуза менависад, ӯ аз силоҳи Huglu на камтар аз 30 тир холӣ кардаааст. Бар асари он донишҷӯён худро аз тиреза берун партофта, аксарият дар синфҳо худро маҳкаму кардаву сангар гирифтаанд.
Тавре Кумитаи тафтишот хабар медиҳад, бар асари тирпаронӣ 8 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Дар Вазорати тандурустӣ зикр кардаанд, ки ин кори дасти донишҷӯи ҳамин донишгоҳ аст. Ӯро боздошт кардаанд, ҳарчанд қаблан зикр гардида буд, ки ӯ кушта шудааст, лекин ин маълумот тасдиқи худро наёфт. Дар ҷараёни боздошт ӯ муқовимати мусаллаҳона нишон дода, захм бардоштааст.

Тибқи маълумоти Mash, Тимур Бекмансуров дар риштаи ҳуқуқшиносии донишгоҳ аз рӯи ихтисоси “Ташхиси судӣ” таҳсил дошта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштае боқӣ гузоштааст, ки дар он дархост мешавад рафтори ӯро амали террористӣ нашуморанд ва ӯ узви ягон созмонҳои террористӣ нест.
Дар навиштаи ӯ чунин зикр шудааст: “Худро чашми дидан надорам, лекин ба ҳамаи касоне, ки сари роҳам меистанд, зарар расонидан мехоҳам”.
“Дар ин бора кайҳост инҷониб фикр мекардам. Солҳо сипарӣ мешуданд ва ман фаҳмидам, ки вақти он фаро расид, ки орзуямро амалӣ кунам”, - зикр мешавад дар навиштаи ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, менависад нашрияи anna-news.infо.

Ӯ муфассал дар бораи чӣ тавр аз назорати табиби руҳшинос гузаштанаш, харидани силоҳ ва омодагӣ ба ҳамла маълумот додааст.
Нахуст ӯ ба мактабе, ки қаблан дар он таҳсил мекардааст, ҳамла карданӣ буда, лекин охири моҳи март тасмимашро тағйир медиҳад. Менависад, ки “мактаб ҷойи хеле нофорамест, ки 10 дақиқаи охири ҳаёти худро дар он гузаронӣ”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста