Додситони ноҳияи Дарвоз Ҳақназарзода Бахтиёр Ҳақназар дар манзили зисташ дар шаҳраки Қалъаи Хумби маркази Дарвоз, аз оксиди карбон (угарный газ) заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора як манбаъ аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» хабар дод. Ба гуфти манбаъ, ин ҳодиса дирӯз рух дода, тафтишоти ҳодиса идома дорад.
То кунун мақомот расман дар ин бора изҳори назар накардаанд. Талошҳои «Азия-Плюс» барои ба даст овардани ҷузъиёти ҳодиса аз Додситонии кул, додситонии Дарвоз, ҳукумати ноҳияи Дарвоз ва мақомоти дигар натиҷа надод.
Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худаш, далели марги додситонро сар задани сӯхтор дар манзили зисти ӯ унвон кардааст.
Бахтиёр Ҳақназарзода хатмкардаи риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз соли 1999 дар мақомоти додситонии вилояти Хатлон, ноҳияиҳои Шаҳритус, Ҷомӣ ва Ёвон дар вазифаҳои гуногун кор карда, соли 2016 муддате иҷрокунандаи додситони ноҳияи Панҷ будааст
Чор соли ахир ( аз моҳи январи соли 2017) додситони ноҳияи Дарвози ВМКБ ва мушовири адлияи дараҷаи 2 буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Манбаъ: Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд боздошт шуд
Ҷузъиёти бештари созишномаи сарҳадӣ ошкор шуд. Тошиев бори дигар ба парлумон рафт ва аз созиши марзӣ гуфт
Шикоят доред? Муроҷиат кунед! Агентии зиддифасод имсол кадом ниҳодҳоро месанҷад?
Минбаъд кормандони милитсияи пойтахт ба театр мераванд
Файзалӣ Идизода раиси парлумони Тоҷикистон шуд
HRW аз Русия даъват кард, ки бегонаситезиро маҳкум ва аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоя кунад
Ҳамла ба “Крокус”. Додгоҳи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси чор гумонбари дигарро тамдид кард
“Давраи беҳтарин дар корномаи касбӣ”. Раиси парлумоне, ки зиёд интиқод мешуд, ҳисобот дод
Тағйироти кадрӣ. Чанд сафир, муовини вазир ва ректори донишкадаҳо нав шуданд
Зеристгоҳҳо Тоҷикистону Қирғизистонро бо хати ягонаи интиқоли барқ мепайванданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста