Кормандони мақомоти корҳои дохилаи шаҳри Душанбе як ҷавони 18 сола ва як нобилиғи 17-соларо дар дуздии телефони  “Айфон-11” ва 15 ҳазор сомонӣ гумонбар дониста, дастгир кардаанд.

Тавре давфтари матбуотии ВКД менависад, онҳо  соати 02:00 шаби 5- 6 декабри соли 2021 ба хонаи иҷораи як ҷавони 19 сола дар шаҳри Душанбе даромада, телефон ва маблағи пулиро дуздидаанд.

- Зарари расонидашуда 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Ҳисор ва ноболиғи 17-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир шуданд,- менависад ВКД.

Ҳамчунин ВКД аз содир шудани ҷиноятҳои дигар, аз ҷумла захмӣ шудани як ҷавони 20-сола аз сӯйи як ҳамсолаш дар шаҳри Ваҳдат ва бо роҳи қаллобӣ фурухтани автомашинаи мерседеси як сокини Душанбе аз сӯйи як марди 42-солаи дигари Душанбе низ хабар медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.