Мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд аз ошкор шудани ҷинояти таҷовуз ба номуси як духтари ноболиғи 13-сола хабар медиҳад. Дар ин ҷиноят падарандаи 31-солаи ин ноболиғ ва як ҷавони 34-сола ҳамчун гумонбар боздошт шудаанд, ки сокинони шаҳри Истаравшану ноҳияи Спитамен мебошанд.
Мақомоти милитсия дар гузориши телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” гуфтааст, ки гумонбарон Ҳасан Аҳмадов, падарандари ҷабрдида ва Азизҷон Уралов мебошанд.
Манбаъ мегӯяд, кормандони шӯъбачаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои ахлоқии шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Суғд муштаракан бо мақомоти додситони Суғд ин ҷиноятро ошкор кардаанд. Гуфта мешавад ин ду гумонбар ба номуси ноболиғ дар шароитҳои гуногун таҷовуз кардаанд.
Ҳасан Аҳмадов бошандаи ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан буда, милитсия мегӯяд, “гумонбаршаванда моҳи декабри соли 2020 дар манзили истиқоматияш, воқеъ дар деҳаи Лакати ин шаҳр бо истифода аз тобеияти ноболиғи дар тарбияаш қарор дошта, ки муқобилият нишон дода наметавонад ва оқибати амалу рафтори худро сарфаҳм намеравад алоқаи ҷинсӣ намудааст”.
Ин қазияро Ҳабибулло Саидзода, муфаттиши додситони вилояти Суғд тафтиш дорад. Дар навори видеоӣ ӯ дар ҷойи ҳодиса бо суоли “Пас аз он, ки Шумо бо ноболиғ алоқаи ҷинсӣ намудед минбаъд чи гуна муносибат доштед. Ба якдигар ягон муносибати бадбинӣ хусумат доштед ё ҳамчун падару духтар муносибат мекардед?” пурсон шудааст.
Ҳасан Аҳмадов гуфтааст: “Баъд аз ин ман ба кор мерафтам ва аз кор меомадам қариби зимистон буд писараш дар ин ҷо духтараш дар он ҷо хоб мерафтанд. Ман доимо меомадам ва дар ин ҷо ҳамроҳи...дар байн хоб мерафтам. Меомадам худи бегонаҳо бо ман салому аллейк мекарду гап намезад”.
Гуфта мешавад, Ҳасан Аҳмадов соли 2020 бо модари ҷабрдида, ки бевазан буда аз оилаи якум соҳиби ду фарзанд мебошад тариқи никоҳи мусалмонӣ оила барпо кардааст.
Нафари дувуми гумонбар дар ин ҷиноят Азизҷон Уралов бошандаи ноҳияи Спитамен аз моҳи июл то августи соли 2021 дар шаҳри Бӯстон, кӯчаи Пушкина бо ноболиғи 13-сола ҳамзистиро ихтиёр карда, ҳамчун зану шавҳар муносибат намудааст.
“Гумонбаршавандаҳо дар баробари поймол кардани қадр ва намус саломатии ҷисмонӣ ва равонии ноболиғро зери хатар гузоштаанд. Исқоти ҳамл ва садамаи шадиди рӯҳиву равонӣ оқибати амали бадахлоқӣ нисбати ноболиғдухтар мебошад.”- гуфтааст, мақомоти милитсия
Феълан гуфта мешавад тафтиши қазияро додситонии вилояти Суғд пеш мебарад. Нисбати ин ду ҷавон бар пайи моддаи 138 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (таҷовуз ба номус) парвандаи ҷиноӣ боз шуда гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.
Ин моддаи қонун ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 12 то 25 сол ё ҷазои якумраи маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/20220106/vao-toikiston-ba-azoiston-200-sarboz-mefiristad
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста