Як корманди "Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин" дар шаҳраки Зарнисор (собиқ Олтинтопкан)-и шаҳри Гулистон бар асари ҳодисаи фавқулодае ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса субҳи 18-уми январ ба вуқуъ пайваста, аз корманди фавтида ронандаи 34-сола ном мебаранд.
Манобеи “Азия-Плюс” аз ҷавони ба ҳалокатрасида Раҳмат Боқиев 34-сола ном мебаранд, ки зимни иҷрои вазифа дар як садама ба ҳалокат расидааст. Ӯ сокини шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон буда дар конҳои ширкат ронандагӣ мекард. Фарзияҳое низ вуҷуд дорад, ки гӯё ин ронанда бар асари фурӯрезии шахта ба ҳалокат расидааст. Вале то ба ҳол ҷузъиёти дақиқи марги ин ронандаро масъулин нагуфтаанд.
Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Гулистон бидуни зикри номаш гуфт, Раҳмат Боқиев ронандаи нақлиёти трактори ПДМ буда, рӯзи 18-уми январ зимни ҳамвор кардани боқимондаҳои канданиҳои кӯҳӣ трактораш чапа шудааст.
“Вақте боқимондаи канданиҳои кӯҳиро оварда мерезанд, ин ронанда бо трактори ПДМ ҳангоми ҳамворкунии он ба чуқурӣ чаппа мешавад ва дар ҷойи садама ба ҳалокат мерасад. Бояд дар ин шабу рӯзҳо комиссияи Хадамоти бехатарии техникӣ ояд ва боз сабабҳои марги ӯро дақиқ кунанд”, - гуфт манбаъ.
Масъулини "Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин",ҷузъиёти ҳодисаи марги ин ронандаро то ҳол шарҳ надодаанд. Зафар Зарипов, намояндаи ин ширкат дар Тоҷикистон дар суҳбати телефонӣ ҷузъиёти ин садамаро шарҳ надод ва гуфт “ҳодиса ду рӯз пеш рух додааст, ман низ дар Душанбе ҳастам ва худи ман низ иттилоъи дақиқ надорам. Комиссияи давлатӣ меравад тафтиш мекунад, баъд маълум мегардад, ки чӣ гапу коре рух додааст”.
Аз ин ронандаи ҳалокшуда ду фарзанди ноболиғ боқӣ мондааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
БОР пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро бо сабаби афзоиши вуруди пул боло бурд
Ҳубара ё дуғдоғ. Парандаи соли 2025 дар Тоҷикистон интихоб шуд
“Шарикии рақамӣ”: Дар Суғд IT-форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Кумаки яквақта ба зиёда аз 112 ҳазор оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон
Фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои Русия қабул намешаванд?
“Ӯҳдадор нестам...” Чаро вакилони парлумон аз шарҳи мавзуҳои муҳими ҷомеа худдорӣ мекунанд?
Осорхонаи Садриддин Айнӣ ба феҳристи маконҳои сайёҳии Бухоро дохил шуд
Тоҷикистону Қазоқистон ба сатҳи нави ҳамкорӣ расиданд
Охири ҳафта дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борону барф меборад
Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё муштзанони тоҷик 5 медал гирифтанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста