Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав ҳалокати 6 шаҳрванди ҷумҳуриро аз бӯи газ дар вилояти Волгогради Русия тасдиқ кард.
Дар саҳифаи сафорат дар робита ба ин ҳодиса зикр мешавад, ки сафорат аз ҳодисаи ба ҳалокат расидани 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз гази ихроҷшуда дар ҳудуди вилояти Волгоград дар ҷараён буда, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бо мақсади пайгириии он дар ҳамкорӣ мебошад.
“Ҳамчунин ҷиҳати пайгирӣ ва мушаххас кардани ҷузъиёти ҳодисаи мазкур, кормандони сафорат ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд”, - омадааст дар хабари сафорат.
Гуфта мешавад, ҳодисаи нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон рухдода мавриди баррасии ҷиддӣ ва назорат қарор дошта, барои гузаронидани тафтишоти одилона аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия то ниҳояти ҳалли он дар доираи қонунгузорӣ сайю талош анҷом дода мешавад.
Ёдрас мекунем, ки ба иттилои ВАО-и Русия, субҳи имрӯз, 26-уми январ ҷасади шаш шаҳрванди Тоҷикистон аз дохили мошине дар яке аз минтақаҳои канории вилояти Волгогради Русия пайдо шуд.
“Шаш шаҳрванди Тоҷикистон дар шароити номаълум шабро дар мошини номувофиқ, бидуни ҳавокашак (вентилятсия)-и кофӣ ва дастрасӣ ба ҳаво (оксиген) дар наздикии деҳаи Рахинка саҳар мекунанд. Субҳ онҳо дар ҳолати мурда пайдо шудаанд”, - хабар дода буд Интрфакс.
Чанде пеш ҷасади як таксирони тоҷик бо гулӯи бурида ва захмҳои зиёди корд дар қаламрави фурудгоҳи Пулково дар Санкт-Петербург дарёфт шуда буд. Ҷасади мард дар дохили автомашинаи “Фольксваген Поло”, ки ба яке аз ширкатҳои шаҳр тааллуқ дошту дар қаламрави фурудгоҳ буд, дарёфт шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.