Рӯзноманигор ва блогери маъруф Далер Имомалӣ тақрибан, соати 15-50-и рӯзи 27-уми январ, замоне ки дар назди ҳукумати шаҳри Ваҳдат гузориш сабт мекард, аз сӯйи афроди ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд дастгир ва ба сӯйи номаълуме бурда шуда буд, пайдо шуд.
Ӯ дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба "Азия-Плюс" гуфт, ки барои чанд соат аз сӯйи бахши мубориза бо ҷиноятҳои мутташакили шаҳри Ваҳдат боздошт шуда буд ва ҳоло ӯро баъди суҳбат раҳо карданд, ки дар роҳ ба сӯйи хона аст.
"Сафари имрӯзи ман ба шаҳри Ваҳдат ба барканории раиси шаҳр мусодиф омадааст ва ман ҳангоме, ки дар рӯ ба рӯйи ҳукумати шаҳри Ваҳдат стнедап мезадам, афроде омада маро ба мошин савор карда бурданд, ки баъдан маълум шуд, ки кормандони бахши Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар шаҳри Ваҳдат будаанд",- гуфт Далер
Далери Эмомалӣ, аз соати 16.00 ба ин сӯ ба зангҳои телефонӣ ва паёмҳо посух намедод, ҳарчанд телефони ӯ фаъол буд ва занг (гудок)-ро қабул мекард.
Далер, рӯзи 26-уми январ ба бархе аз ҳамкасбон гуфта буд, ки ба унвонии ӯ аз шаҳри Ваҳдат шикоятҳои зиёд омадааст ва фардо барои таҳияи гузориш ба ин шаҳр меравад ва бо мақомоти гуногун суҳбат мекунад.
Рӯзи 27-уми январ, Далер аз шаҳри Ваҳдат ба бархе аз ҳамкасбон занг зада ва гуфта буд, ки машғули таҳияи гузориш аст ва бояд то соати 17.00 баргардаду дар нишасти матбуотии сафири Фаронса дар Тоҷикистон ширкат кунад.
Як хабарнигори маҳаллӣ дар Ваҳдат чанде пештар ба "Азия-Плюс", ҳангоме ки Далер дар рӯ барӯйи бинои Ҳукмати шаҳри Ваҳдат, дар назди Қасри фарҳанг машғули сабти видео буд, чанд нафар ношинос бо либосҳои мулкӣ аз мошинҳои сиёҳшиша “Тайота Камри”, “Тайота Корола” ва “Мерседес” баромада ӯро ба назди худ даъват карданд. Баъди суҳбати кутоҳ, нафароне, ки аз мошинҳо баромада буданд, ӯро яке аз мошин савор карда бо худ бурданд.
Аммо ин хабарнигор мегӯяд, ки дар фосилаи дур қарор дошт ва натавонист рақами давлатии мошинҳоро бубинад.
Аз ВКД шаҳри Ваҳдат то замони пайдо шудани Далер, ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ба шуъбаи онҳо нафареро бо ин ном наовардаанд ва ин ниҳод ин нафарро боздошт накардааст.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ҳам дар як тамоси телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки бо ШВКД-и шаҳри Ваҳдат дар тамос шудаанд, вале аз ин шуъба гуфтаанд, ки ҳеч маълумоте дар бори Далери Эмомалӣ ва ҳодисае, ки гуфта мешавад надоранд.
Наздикони Далери Имомалӣ низ гуфта буданд, ки ӯ баъд аз зуҳри имрӯз ба хонаводааш тамос нагирифтааст ва хонаводааш намедонанд, ки ӯ дар куҷо қарор дорад.
Далер Имомалӣ, хабарнигор, коргардон ва блогери тоҷик аст, ки дар ин авохир бо таҳияи гузоришҳои видеоӣ дар бораи мушкилоти мардум аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ва нашри онҳо дар саҳфаҳои шабакаҳои иҷтимоии марбут ба худаш, хеле ҳаводор дошт.
Ӯ то як моҳ пеш дар радиои “Ватан” кор мекард, вале дар шабакаи саҳфаи фейсбукияш навишт, ки корро дар расона тарк мекунад ва тарҳои дигареро мустақилона пеш мебарад.
Далер Имомалӣ, дар ин авохир аз сӯйи Эътилофи бонувони журналистӣ Тоҷикистон унвони “Шаҳрванди сол”-ро барои фаъолиятҳои маданияш ба даст овардааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
“Орзуи давлати пирӣ дошт”. Писари Аловуддин Абдуллоев аз нақшаҳои бозмондаи падар ва идомаи роҳи ӯ гуфт
“Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад…” Абулқосим Фирдавсӣ кӣ буд ва оё аз “Шоҳнома”-и ӯ байте медонед?
Раисҷумҳур ва шаҳрдори Душанбе аз сохтмони Театри миллӣ ва корхонаи “Акиа Авесто” боздид карданд
Барқи Осиёи Марказӣ: чаро он то ҳол "сабз" нест?
Марде, ки зану хушдоманашро бо табар кушта буд, 25 сол равонаи зиндон шуд
Як ҳайат аз Афғонистон барои ширкат дар нишасти “CASA-1000” ба Тоҷикистон омадааст
Дар бозии ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия киҳо ширкат мекунанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Оташи ҷонсӯз” қисми 1
Мақомот аз гармои шадид ва омадани чангу ғубор дар чанд рӯзи оянда ҳушдор медиҳанд
Нахустнамоиши филми “Хоби сурх” кай ва дар куҷо доир мегардад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста