Ин ҳодиса нимаи дуюми рӯзи 11 феврал дар мактаби №31 деҳаи Ваҳдати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ҳангоми дарсҳо рух додааст. Қисмате аз боми бино чаппа шуда, сипас деворҳо вайрон шудаанд.
Хабарнигори “Азия-Плюс” рӯзи 12 феврал аз ҷойи ҳодиса боздид намуд. Дар ин ҷо бартараф намудани оқибатҳои ҳодиса ҷараён доштанд.
Ба мо муяссар шуд, ки бо мудири мактаб Мустафо Балаҷонов ҳамсуҳбат шавем.
“Рӯзи ҷумъа тахминан соати панҷ хонандагони синфи 7 мушоҳида мекунанд, ки андоваи деворҳои синф афтода истодаанд ва ба омӯзгор хабар медиҳанд. Ӯ дарҳол хонандагонро аз бино берун мебарад. Ҳеҷ касе аз онҳо осеб надидааст”, - иброз дошт вай.
Ба гуфтаи ӯ, аввал боми бино фурӯ рехта, баъдан деворҳо афтодаанд: кабинети директор, як синф ва кабинети омӯзгорон тахриб шудааст.
Мудири мактаб зикр кард, ки бино аз 8 синф иборат буда, дар он 258 нафар толибилмон таҳсил мекарданд. Бинои мактаб соли 1957 ба истифода дода шуда, дар ҳолати садамавӣ қарор доштааст.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷомӣ Ҳасан Табаров, ки дар ҷойи ҳодиса қарор дошт, ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки бино дарвоқеъ ҳам дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, онро тахриб карданӣ буданд.
“Соли 2021 дар 9 мактаби миёнаи ноҳияи 23 синфи иловагӣ сохта шуда, айни замон дар 7 мактаби дигар сохтмони 21 чунин синф идома дорад. Дар 7 мактаби ноҳия қисмате аз биноҳо садамавианд ва дар онҳо низ сохтмони 14 синфро оғоз намудем”, - мегӯяд Табаров.
Аммо на мудири мактабу на роҳбари шуъбаи маорифи ноҳия шарҳ надоданд, ки чаро дар бинои садамавии мактаб хонандагон ба таҳсили худ идома медоданд.
Дар баробари ин дар ҷойи ҳодиса ба вазъияти хеле ноҳинҷор дучор шудем. Агар хонандагон саривақт фурӯравии деворро намедиданд, чӣ мешуд?
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Кобусе бо номи колхоз. Нигоҳе ба бунёди колхозҳо дар Тоҷикистони Шӯравӣ ва паёмадҳои он дар рӯзгори мардумони он замон
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2024
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста