Аловуддин Абдуллоев, ҳунарпешаи саршиноси ҳаҷву театр ва синамои Тоҷикистон, муаллиф ва бозигари нақшҳои саҳнаҳои сербинандаи телевизионии маъруфи "Шӯхиҳои Аловуддин" дар синни 57-солагӣ даргузашт. Хабари даргузашти ин ҳунарпешаи пуровозаро мақомҳои маҳаллии вилояти Хатлон таъйид кардаанд.
Дар ҳоли ҳозир сабабҳои марги ин ҳунарманд мушаххас нест. Аловуддин Абдуллоев дар ин авохир сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлонро ба дӯш дошт. Соли гузашта бародараш аз бемории коронавирус даргузашта буд.
Мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Сарбанд, Диловар Ашӯрзода дар суҳбат бо "Азия-Плюс" гуфт, ки ба онҳо ҳам хабари марги ин ҳунарпешаи мумтозро расонидаанд ва ҳоло дар роҳ ба сӯйи хонаи марҳуманд.
"Дирӯз бо телефон суҳбат карда будем. Шикояте надоштанд. Баъзе масъалаҳои кориро суҳбат кардем, аммо ин субҳ хабари маргашро расониданд, ки дар маҷмуъ даргузашти устод талафоти бузург ва ҷуброннопазир барои фарҳанги миллии мо аст",- мегӯяд Ашӯрзода.
Ин ҳунарпешшаи саршинос, бо барномаи "Шӯхиҳои Аловуддин", ки тӯли 10 соли ахир дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон нашр мешуд миёни ҷомеаи тоҷикистон бисёр маъруф буд ва дар барномаву чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон, довар, ровӣ ва муҷрӣ буд.
Аловуддин Абдуллоев сар аз моҳи сентябри 2019 яке аз доварони шоу-барномаи Central Asia Got Talant буд.
Аловуддин Абдуллоев, 15-уми майи соли 1965 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Ӯ барои нақшҳои мондагор ва хидматҳои пурарзишаш унвонҳои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2006) ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро дар соли 2013 ба даст оварда буд.
Абдуллоев соли 1989 Донишкадаи ҳунар ва санъати Тоҷикистонро хатм карда буд ва корро Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қурғонтеппа оғоз кард, ки дар ин ҷо ба унвони ҳунарпеша ва коргардон бомуваффақият кор карду чанд соле ҳам раҳбарии ин театрро ба дӯш дошт.
Аловуддин Абдуллоев дар намоишҳои театрии «Моҷарои имтиҳон», «Антигона», «Табиби зӯракӣ», «Бозиҳои манфиатҷӯёна», «Ҳиллаҳои Аҷузкампир», «Аршин мол-олон», «Лаку Пак», «Шаби гирифтани моҳ», «Давлати Сомониён», «Найрангҳои Скапен», «Масал бигӯ, Эзоп» нақши марказиро бозидааст.
Ба ҷуз ин дар филмҳое чун «Братан», «Падари моҳтобӣ», «Туҳмат», «Чоҳ», «Қиёми рӯз», «Шоҳид» ва «Интихоби ман», филмҳои телевизионии «Дар орзуи падар», «Боғоч», «Фарзандони бегона», «Қарзи виҷдон», силсилафилми «Хуррамдиёр» ва ғайра низ нақшҳои мондагоре офаридааст.
Ба ҷуз ин дар филмҳои бисёри мустанад ва филмографияҳо ба сифати нақшофару коргардон ҳам ҳузури пурранг дошт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста