Хонаи аввал зери тарма монда, манзили дуюм аз обхезӣ пас аз маҷрои дарёи Шоҳдараро бастани тарма тахриб шуд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” сокинони деҳа Шоди ноҳияи Роштақалъаи ВМКБ хабар доданд, тарма субҳи рӯзи 17 март фаромада, як хона то ҳол зери он аст.

Дар идома тарма пеши маҷрои оби дарёи Шоҳдараро баста, дар натиҷа сатҳи оби дарё боло ва аз соҳилҳо мебарояд. Дар натиҷа як хонаро пурра шуста, ба хоҷагии ин хонавода қисман зарар расонидааст. Аз ҷумла, чорвои хонагии ин оиларо об бурдааст. Аз одамон касе осеб надидааст.

Ба гуфтаи сокинон, агар мақомоти маҳаллӣ саривақт техника мефиристоданд, манзили дуюмро эмин нигоҳ доштан мумкин буд. Онҳо гуфтанд, чандин маротиба ба сохторҳои дахлдор занг задаанд, то ки барои аз дарё баровардани барфтӯдаҳо техника фиристанд, лекин он баъди 5 соат омадааст. То ин вақт хоҷагии хонавода аллакай осеби ҷиддӣ дида буд.

“То омадани онҳо сокинони маҳаллӣ талош карданд, ки бо қувваи худ барои дарё роҳ кушоянд, лекин ин кор барояшон даст надод. Ҳарчанд об бо ин роҳ ҳам мерафт, лекин сатҳи он кам намешуд. Агар техника саривақт меомад, ин хонавода зара намедид”, - мегӯянд сокинони деҳаи Шод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.