Манобеи "Азия-Плюс" дар мақомоти қудратии вилояти Хатлон  хабарҳои нашршуда дар бархе расонаҳо, дар мавриди даст ба худкушӣ задани капитан Фазлиддин Назарзода, нозири собиқи минтақавии ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Вахшро, бепоя медонанд.

Як манбаъи “АП” дар мақомоти додситонии вилояти Хатлон ин хабарро рад кард ва гуфт, ки ӯ зинда аст.

“Фазлиддин Назарзода зиндаву соқу саломат аст ва айни замон дар маҳбаси махсусе, ки барои собиқ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар наздикии раёсати БДА ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дорад, адои ҷазо мекунад”, - гуфт манбаъ.

Ӯ ҳамчунин илова кард, ки хабари қаблан дар расонаҳо нашршуда вобаста ба он ки гуё Фазлиддин Назарзода дар боздоштгоҳи шаҳри Бохтар худро овехта бошад, асоси воқеӣ надорад.

Бояд гуфт, ки рӯзи 29-уми март бархе расонаҳо хабар дода буданд, ки гӯё Фазлиддин Назарзода чанде пеш дар боздоштгоҳи мувақатии шаҳри Бохтар даст ба худкушӣ зада аст ва 24-уми март дар шуъбаи сеюми хоҷагии Файзали Саидов ба хок супорида шуда аст.

Манъбаи дигар дар Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон низ ба хабарнигори "Азия-Плюс" изҳор дошт, ки Файзидин Назарзода даст ба худкушӣ назада аст ва ин хабар асоси воқеъӣ надорад.

Капитан Фазлиддин Назарзода, нозири собиқи минтақавии ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Вахш, моҳе пеш бо ҷурми сӯиистифода аз мақом ба 3 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуда буд.

"Азия-Плюс" талош кард, то назари Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияро дар мавриди ин хабар ҳам ба даст биоварад, вале муваффақ нашуд. 

Акси бойгонӣ

Аз ҷумла пойгоҳи хабарии "Бомдод" бо такя ба як манбааш навишта буд, ки  "капитан Назарзода дар арафаи интиқолаш дар маҳбас даст ба ҷони худ зада, худро дар ҳуҷраи боздоштгоҳ ба дор кашидааст.

Фазлиддин Назарзода 38 сол дорад ва соҳиби 3 фарзанд мебошад. Ин корманди собиқи ВКД соли 1983 дар ҳамин мавзеъи сеюми совхоз-техникуми ба номи Файзалӣ Саидов ба дунё омадааст.

Банавиштаи “Бомдод”, "Фазлиддин Назарзода моҳи августи соли 2021 бо иттиҳоми “подстава” кардани як сокини ноҳияи Вахш бо мақсади аз вай пули калон кандан дастгир шуд. Нафаре, ки капитан Назарзода барои “подстава” кардани он сокини Вахш интихоб карда буд, аз иҷрои супориши ин афсари милитсия тарсида, ба додситонӣ хабар дод ва кормандони додситонии вилояти Хатлон ним сол пеш ҳангоми ба дом афтондани он сокини ҷабрдида  худи капитан Назарзодаро ба дом афтонданд ва ба ҳабс кашиданд".

Моҳи феврали соли 2022 додгоҳ Назарзодаро дар берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ гунаҳкор шинохт ва ба сеюним соли зиндон маҳкум кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.