Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 3 ва 4 майи соли равон дар чанд ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд эҳтимол сел ояд.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба аҳолӣ тавсия додааст, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо худдорӣ намоянд ва ба сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва масирҳои сайёҳӣ низ маслиҳат нест.
Ба назари ин ниҳод, дар ин рӯзҳо ба ғайр аз омадани сел, инчунин, хатари боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо, лағзиши тармаву резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ зиёд аст.
-Боронҳои пуршиддат бо раъду барқ метавонанд таҳдидҳои дигар низ дар пай дошта бошанд- гуфтааст КҲФ.Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ даъват кардааст, ки дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор нараванд.
Ин ниҳод аз аҳолӣ хоҳиш карддаст, ки "қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу партовҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлӣ ва киштзорон накунад".
Ҳушдори Оҷонсии обуҳавошиносӣ дар робита ба хатари сел дар 3 ва 4 май дар ҳолест, ки қаблан аз оҷонсии мазкур ба "Азия-Плюс" хабар дода буданд, ки дар асоси пешгӯии онҳо моҳи май дар Тоҷикистон ҳаво гарм шуда, боришот аз меъёр камтар мешавад.
Ба иттилои онҳо, ҳарорати миёнаи моҳона 1-2 дараҷа зиёдтар аз меъёри иқлимӣ пешбинӣ шудааст.
-Ба сурати умум моҳи май дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ обуҳавои тағйирёбандаи абрнок ва баъзан боришот пешбинӣ шудааст,- гуфта буданд масъулини Оҷонсии обуҳавошиносӣ.
Моҳи апрели соли равон дар натиҷаи боронҳои пуршиддат ба болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ва лағзиши хок дар чанде аз шаҳру навоҳии Тоҷикистон ҳодисаҳои селфароиву сангреза ба қайд гирифта шуда, барои чанд муддат роҳҳо баста ва зироатҳоибархе сокинон зарар расид.
Аз ҷумла, бар пайи боронбориҳои бегоҳии рӯзи 23-юми апрел дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент сел омада, чанд манзили сокинон тахриб шуда, беш аз 40 га замин ва теъдоде аз чорвои мардум талаф шуд.
Сел ҳамчунин чанд муддат ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Айнӣ - Панҷакентро мутаваққиф сохта буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Таносуби қарзи давлатӣ нисбат ба ММД. Қарзи кадом давлатҳо бештар аст?
Сабақҳои зилзила. Тоҷикистон ва дигар давлатҳо баъди заминларзаҳо чӣ иқдом рӯйи даст гирифтанд?
Маҳдудияти ҳаракат барои нақлиёти гаронвазн дар роҳҳо. Чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад ва дар кадом роҳҳо?
Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ доир мегардад?
Муҳоҷире, ки дар Русия се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод тоҷик будааст
Аз талаботи Тоҷикистон то муқаррароти Арабистони Саудӣ. Чӣ гуна метавон дуруст ва бехатар ба ҳаҷ рафт?
“Равобити Эрон ва Тоҷикистон дар сатҳи олӣ аст”. Пизишкиён бори дигар ба тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар таъкид кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Хуни ноҳақ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2025
Аз “Худои зинда”-ву “Рустам ва Сӯҳроб” то “Қиёми рӯз”. Синамои тоҷик пас аз 95 сол чӣ набз дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста