Дар як рӯзи охир дар шаҳру навоҳии кишвар панҷ наврас ғарқ шудаанд, ки калонтарини онҳо 18-сола буд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (ҚҲФ) хабар медиҳад.

Ҳодисаҳои фоҷеабор дар навоҳии Шаҳринав, Рашт, Данғара, Қубодиён ва дар шаҳри Панҷакент ба қайд гирифта шудаанд.

Ғарқшудагон мутаваллиди солҳои 2004, 2006 ва 2011 будаанд.

Ҷасади чаҳор нафари ғайршудаҳо аз об берун оварда, ба наздиконашон супурда шуд. Ҷустуҷӯи ҷасади як сокини 16-солаи деҳаи Гулафшони ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон идома дорад.

КҲФ сабабҳои фоҷиаро оббозӣ дар ҷойҳои муайяннашуда ва номаълум гуфт.

- Дар робита ба ин, КҲФ бори дигар ба аҳолӣ, махсусан ба волидон муроҷиат намуда, онҳоро даъват менамояд, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд, реҷаи ҳаррӯза ва истироҳати кӯдаконро тартиб диҳанд, дар обанборҳо ҳамроҳи онҳо бошанд, - ҳушдор медиҳад ин ниҳод.

Ёдовар мешавем, ки аз аввали сол 84 нафар дар обҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 нафар бештар аст.

Аз шумораи умумӣ то 4-сола - 7 кӯдак, аз 5 то 10-сола - 15 кӯдак, 11-16-сола - 24 наврас, 17-35-сола - 27 нафар ва аз 35-сола боло 11 нафар мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.