Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ҷасади ҷавонеро, ки ба худкушӣ даст зада буд, пас аз як шабонарӯз пайдо карданд.

Тибқи маълумоти шуъбаи Кумита дар гуруҳи ноҳияҳои водии Рашт, рӯзи 2 август сокини 22-солаи шаҳраки Ғарм бо сабабҳои номаълум даст ба худкушӣ зада, худро ба дарёи Сурхоб партофтааст.

“Имдодгарони Кумита ҷасади ҷавонро рӯзи 3 август 20 километр поинтар аз ҷойи ҳодиса дар соҳили дарё пайдо намуда, ба мақомоти дахлдор супурданд”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумита.

Гуфта мешавад, боз як ҳодисаи нохуш дар қаламрави ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рух додааст.

“Сокини 19-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар ҶДММ “Ғалла” дар Душанбе кор мекард, бар асари риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми тозакунии зарфи хокистари ангишт нафасгир шуда, ба дохили зарфи 20-метра афтодааст”, - хабар медиҳанд дар Кумита.

Наҷотдиҳангони Кумита ҷасади ҷавонро аз зарф берун кашида, ба кормандони милитсия супурдаанд. Корманди милитсия ба таҳқиқи ҳодиса машғуланд.

Ба иттилои Кумита, бар асари боришоти кӯтоҳмуддати шадид дар қаламрави деҳаи Мингдонаи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд сел омадааст.

Дар натиҷа роҳи деҳа ва қитъаи наздиҳавлигии бунгоҳи тиббиро обу лойқа пур карда, ин ҷо қисман зарар дидааст. Айни замон корҳои бартараф намудани оқибатҳои сел ҷараён доранд. Талафоти ҷонӣ ва хисороти назаррас нест.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.